Асосӣ Хабарҳо Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон
2023-03-28
8302

  Имрӯз 16.03.2023 соати 10:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо  Саидмукаррам Абдуқодирзода аввалан ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон ва ҷашни байналмиллалии Наврўз табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи панҷшанбе 23-юми март фаро мерасад.

         Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2023 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи панҷшанбе 23-юми март муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 32300 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 800 сомонӣ закот дода мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  4. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2023 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:58
Пешин12:40
Аср16:09
Шом18:08
Хуфтан19:38
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар