الصفحة الرئيسية المقالات ШИТОБКОРИВУ ГУНАҲКОРСОЗӢ РОҲИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАИ МАРЗӢ НЕСТ!

ШИТОБКОРИВУ ГУНАҲКОРСОЗӢ РОҲИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАИ МАРЗӢ НЕСТ!

ШИТОБКОРИВУ ГУНАҲКОРСОЗӢ РОҲИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАИ МАРЗӢ НЕСТ!
2019-10-15
2320

Дар шароити феълии ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлол ва суботи миллӣ аз муҳимтарин рисолати миллатҳо маҳсуб мешавад. Зеро хурдтарин фитнаву низоъ метавонад баҳонае барои ба миён омадани қатлу куштор ва ҷангу ваҳшоният гардад. Ин мисолро дар чанд соли гузашта дар ҷараёни ба ном “Баҳори арабӣ” мушоҳида намуда, пай бурдем, ки ҷангҳои харобиовари кишварҳои Ироқу Сурия ва Либияву Яман аз хурдтарин фитнаву гирдиҳамоиҳо оғоз ёфтанд. Баъдан, кишварҳои манфиатҷӯ ба хотири ҷои по пайдо намудан ба оташи чунин дасисаҳо равған рехта, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазору майдони қатлу куштор мубаддал намуданд.

Ҳоло масоили марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки то ҷое буҳронӣ ҳам гардидааст, аз сокинони ҳарду ҷониб ҳам зиракии афзуни сиёсӣ ва ҳусни ҳамҷавориро тақозо мекунад.

Ҳоло комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба муайян намудани қитъаҳои баҳсии марзӣ фаъолият мекунад ва ҳар гуна нофаҳмиву нооромӣ дар марз ба кори комиссияи мазкур халал мерасонад.

Албатта, ҷои нигаронист, ки дар баробари сабру шикебоии ҷониби Тоҷикистон дар рӯбарӯи ҳодисаҳои марзӣ, ҳатто кушта шудани низомиёну сокинони осоиштаи Тоҷикистон ҷониби ҳамсоякишвар зуд “ташаббус”-ро рӯи даст гирифта, ба гунаҳкор кардани ин ҷониб мепардозад, ки чунин шитобкорӣ ва гунаҳкорсозӣ роҳи ҳалли масъала нест.

Халқи тоҷик аз тӯли таърих ҳамеша чун миллати сулҳдӯсту сулҳпарвар ба ҷаҳониён паёми дӯстиву бародарӣ расонидааст. Аммо ин маънии онро надорад, ки дар муқобили хатару таҳдидҳое мушти зӯри худро нишон надиҳад.

Бо дарназардошти вазъи феълӣ, ҳарду ҷониб ҳам набояд ба эҳсоси аз ҳад зиёд дода шуда, масъаларо боз ҳам мураккабу печидатар гардонанд. Зеро роҳи ҳалли масоили марзӣ танҳо музокираву гуфтушуниди созанда мебошад.

Абдуғаффор Юсуфов,

сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.03.2024

أكثر
الفجر04:59
الظهر12:40
العصر16:46
المغرب18:45
العشاء20:15
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر