الصفحة الرئيسية المقالات Фазоили Қуръон

Фазоили Қуръон

Фазоили Қуръон
2019-12-23
2199

Ҳамаи таърифҳо лоиқи зотест, ки инсонро ба вуҷуд овард ва сухани некӯро бар вай таълим дод ва Қуръонро нозил кард ва онро баҳри аҳли имон мавъиза ва шифо ва ҳидоят ва раҳмат қарор дод, ки на шакке дар он вуҷуд дорад ва на каҷӣ, балки комилан рост аст ва ҳуҷҷат ва нуре ҳаст барои аҳли яқин ва комилтарин ва беҳтарин дуруд ва салом барои беҳтарин халоиқ Муҳаммади Мустафо (с) бод, ки бо нураш қалбҳои зиндагон ва қабрҳои мурдагонро мунаввар гардонид. Паёмбаре, ки зуҳураш барои ҳама ҷаҳониён раҳмат аст ва низ дуруд бар олаш ва асҳобаш бод он, ки ситорагон ҳидоят ва ноширони Қуръони Карим ҳастанд ва бар муъминоне, ки пайравии онро ихтиёр намудаанд. Баъд аз ҳамд ва дуруд ба Худованде, ки инсонро офарид барои фоидаву зарар ва ҳаёву шармаш он китобе ба номи Қуръон нозил кард ва ба воситаи каломаш, яъне Қуръони пок бар бандагони худ хабар медиҳад:

       “Ин Қуръон (мардумро) ба роҳе роҳнамуд мекунад, ки мустақимтарин роҳҳо (барои расидан ба саъодати дунё ва охират) аст” (сураи “Исроъ” ояти 9).

       Ва дар дигар ҷои Қуръон худо ба Паёмбараш амр карда мегӯяд:

      “Бо Қуръон панд ва андарз бидеҳ”. (сураи ”қоф”, ояти 45)

      Аз ин оятҳои муборака фазоили Қуръонро фаҳмида мешавад, ки ин Китоби осмонӣ буда, барои бандаҳояш ҳидоят ба роҳи рост ва панду насиҳату андарз барои комёбиашон дар дунёву охират мебошад.

Қуръон ин китобест, ки то рӯзи қиёмат оламро мунаввар мегардонад. Ҳар нафаре мехоҳад, ки дар ҳеҷ торикии зулумату ҷаҳолат наяфтад ва гумроҳ нашавад, бояд таъалуқе бо Қуръон дошта бошад.

Ҳамчунон ки аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Нақши Қуръон то дар ин олам нишаст,

Нақшҳои коҳину попо шикаст.

Фош гӯям, он чӣ дар дил музмар аст,

Ин китобе нест, чизи дигар аст.

Чун ба ҷон даррафт, ҷон дигар шавад,

Ҷон чу дигар гашт, ҷаҳон дигар шавад.

Мо метавонем аз садҳо адибону шоъирони барҷаста оид ба фазилати Қуръон шеъру мақолаҳо, насиҳату андарзҳо ҳамчун арғувони қимате ба таври мисол пеш биёрем, ки Қуръон, ин худ панд медиҳаду насиҳат мекунад. Дигар аз фазилати ин китоби муқаддас ин мебошад, ки ҳар ҳарфаш савобе бе шумор дошта, боиси комёбӣ ва наҷоти банда дар рӯзи қиёмат аст. Ин китоб муъҷизаи зинда, насиҳатгар баъд аз вафоти Расули акрам (с)  ба уммат ҳадяи қимматбаҳое мондааст. Ҳамчунон, ки Паёмбар (с) дар ҳадиси муборакаш мефармоянд, ки “Ду чизи муҳиме, ки барои шумо гузоштам, ки агар шумо ба ин ду пайравӣ намоед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд. Якум: Китобуллоҳ, яъне қуръони карим. Дуюм: Суннати Расул”. Дар ҳадиси дигар мефармояд: “Беҳтарини шумо нафаре мебошад, ки Қуръонро таълим гирифта ва ба дигарон таълим медиҳад”.

Хулас ин китоб мунзал аз осмон аст, ки Аллоҳ Ҷалла ҷалолуҳу мадҳу фазилаташро Худ баён кардааст ва муҳофизаташро низ бар души худ гирифтааст. Ин китобест, ки 14 аср шаҳодат медиҳад, ки на як ҳарфаш ва на як ояту калимааш тағйир наёфтааст.

Мақсад аз баён кардани ин ҳама фазилатҳо ва хубиҳои Қуръони маҷид эҷоди муҳаббат ба он аст, зеро муҳаббати Қуръони Карим ва муҳаббати Аллоҳ лозим ва малзуми якдигар ҳастанд. Мо бояд муҳаббат ба Худо ва Расули Худо ва Қуръони Худо дошта бошем, ки наҷоти ҳар ду олами мо мебошанд. Зеро қуръон ин муъҷизаи зиндае мебошад байни башар ва қуръон ин каломи ягон башар набуда, балки каломи Офарандаи оламиён аст. Инро на танҳо донишмандони Ислом, балки олимону донишмандони ғайри исломӣ низ баъди дидану мушоҳида кардани мўъҷизаҳои куръонӣ, ба каломи Илоҳӣ буданаш, тасдиқ карда имон оварданд. Ба таври мисол мо гуфта метавонем, ки баъд аз 70 соли таҳқиқи олами зери об аз ҷониби донишманди Фаронсавӣ Жак Ив Кусто, ин олим баъд аз дидани ду баҳре, ки дар ҷойҳои ба ҳам зич ҳамроҳ шудаанд ва хусусиятҳои худро ҳифз намудаанд, ба ибораи дигар дар ҷойҳои пайвастшавии ду миқдори об пардаи обӣ имконият намедиҳад, ки онҳо бо ҳам биёмезанд. Вақти кашфи ин далели равшан ва аз ақл берун олим хеле ҳайратзада шуд. “Муддати дароз ин падида, ки онро ягон қонуни физика ва кимиё шарҳ дода наметавонад, ба ман қарору ором надод” - навиштааст Кусто. Вале олим баъди фаҳмидани он ки дар ин бора 1400 сол пеш дар қуръон навиштаанд, боз ҳам зиёдтар дар ҳайрат афтод ва баъд аз мутолиаи тарҷумаи қуръон Кусто фаҳмид, ки дар ҳақиқат ҳамин хел будааст. Дар ҳамон вақт Кусто нидо карда гуфт: “ қасам мехўрам, ки ин қуръон, ки аз илми имрўза 1400 сол пеш аст, сухани одам буда наметавонад, ин сухани аслии Худованд аст”. Баъд аз ин таҳқиқи муъҷизаи Илоҳӣ олими фаронсавӣ исломро пазируфт. Ба  монанди ин даҳҳо мисолҳои равшану возеҳ метавон овард.

Оре, қуръон муъҷизаи ҷовидонии Худованд аст, ки бо гузашти қарнҳои тўлонӣ таровати худро ҳифз карда ва дар ҳар асре барои инсонҳо эъҷозашро зоҳир месозад. Чунонки Худованд фармудааст:

“Ба зудӣ, оёти қудрати Худро дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон ба онҳо нишон хоҳем дод, то барояшон ошкор шавад, ки ҳароина, ӯ ҳақ аст. Оё ин ки Парвардигори ту ҳароина, дар ҳама ҷо ҳозир аст, кофӣ нест?” (Сураи Фуссилат, ояти 53).

    Муҳиддинов Хушмуҳаммад- имомхатиби

масҷиди марказии ш. Душанбе

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر