الصفحة الرئيسية المقالات КИТОБИ “ТОҶИКОН” БА ҲАР ХОНАДОН – БОЗ ЯК ИҚДОМИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КИТОБИ “ТОҶИКОН” БА ҲАР ХОНАДОН – БОЗ ЯК ИҚДОМИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КИТОБИ “ТОҶИКОН” БА ҲАР ХОНАДОН – БОЗ ЯК ИҚДОМИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2020-01-08
170

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як сокини сарзамини биҳиштосоямонро рӯҳбаланд ва мутмаин мегардонад, ки  воқеан Ватани маҳбуби мо,  новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир,  ҳамасола дар масири рушди пойдор гомҳои устувор мегузорад ва таваҷҷуҳи  худро ба осоиштагӣ ва рифоҳи мардум бештар намуда, эътимод ба ҳаёти осуда ва  сулҳу суботро таҳким  мебахшад.  

Пешвои миллат дар Паёми хеш дар баробари зикри масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба масъалаҳои тарбияи насли созанда, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ таваҷҷуҳи хосс зоҳир карданд.

Аз ҷумла зикр шуд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

         Воқеан, дар радифи пешбурди бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои кишвари мо дар ин давраи муҳим тарбияи насли нави сазовори давлати миллӣ ва демократӣ, бо ифтихори баланди миллӣ чун обу ҳаво зарур аст. Ба ин далел, ки  чӣ тавре таҷриба собит кардааст,  давлати муосири миллӣ  танҳо дар заминаи ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ арзи вуҷуд карда метавонад. Дар замони ҷаҳонишавии босуръат мо амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва таърихи гузаштаи халқи созандаву сарбаланди худро хуб омӯзему ҳофизаи таърихиямонро ҳифз намоем.

Чӣ тавре ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ таъкид карданд:

  “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

Бояд гуфт, ки масъалаҳои маданияти миллӣ, хештаншиносии миллӣ, ҳифзи асолат ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар сархати андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Истилоҳоте, ки имрӯз сари забонҳост, ба монанди «хиради азалӣ», «асолати миллӣ», «ҳушёрии сиёсӣ дар шароити пуртуғёну пурталотуми ҷаҳонишавӣ» бори нахуст аз забони ӯ ба майдони маданияту сиёсат омадаанд. Дар Паёми имсола ҳам ба ин масъала боз аз нуқтаи назари мубрам будани маданияту маърифат ва илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Он гуна, ки Сарвари хирадманди давлат таъкид доштанд:

“Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”.

Президенти кишвар дар ин робита дар Паёми хеш ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Воқеан, имрӯз, дар замоне ки Ватани аллома Ғафуров - Тоҷикистон соҳиби истиқлолият мебошад, аҳамияти зиндагӣ, фаъолият ва осори ӯ, инчунин дигар фарзандони фарзонаи миллат ва нақши онҳо дар болоравии эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон ва пеш аз хама ҷавонони бонангу номуси Ватан даҳчанд меафзояд.

Тақдими шоҳасари “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи кишвар боз як иқдоми хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст ва итминон дорем, ки пас аз мутолиаи ин китоб ва пайдо кардани шинохти дуруст аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш мардуми сарбаланди мо боз ҳам беҳтару бештар барои ободсозиву гулгулшукуфии Ватан камари ҳиммат баста, талош мекунанд, то ному пайкори созандаи онҳо низ дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо сабт гардад.  Ҳамчунин мутолиаи ин китоб бешак ба ҷавонони мо таъсири амиқ гузошта, ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва онҳоро аз зери таъсири гурӯҳу ақидаҳои ифротӣ берун кашида, дар маҷмӯъ  ба ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ мекунад.  

Далер Ҷабборов,

сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.02.2020

أكثر
الفجر05:35
الظهر12:40
العصر15:57
المغرب18:15
العشاء19:45
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

أكثر