АЪМОЛИ СОЛЕҲ

АЪМОЛИ СОЛЕҲ
2021-02-19
1770

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Ҳамду ситоиши беадад Худованди ягонаро ва дуруду саломи бениҳоят ба Расули акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Аъмоли солеҳ он амалҳоеро мегўянд, ки ҷиҳати хушнудии Худо ва ризомандии ў анҷом мегирад. Худованд дар китоби хеш мефармояд:

Савганд ба ин замон (1); ки ҳаройна, одамӣ дар зиён аст (2); ба ҷуз касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва якдигарро ба ҳақ супориш карданд ва якдигарро ба сабр супориш карданд (3). (Аср; 1-3).

Амалҳои солеҳ хеле зиёд мебошанд, ки дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) ба он таъкид шудааст. Баъзе аз аъмоли солеҳ нисбат ба баъзе дигар фазилати бештаре дорад. Яке аз беҳтарини аъмоли солеҳ накуӣ бо падару модар аст, чунончи Худованди карим дар Қуръони маҷид мефармояд: «Ба падару модари хеш накуӣ кунед». (Нисо; 36).

Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки рўзе марде ба назди Пайғамбар (с) омада мепурсад: «Кӣ аз ҳама бештар сазовортар аст, то ўро эҳтиром кунам?». Пайғамбар (с) дар ҷавоб мегўяд: «Модарат». Он шахс боз аз Пайғамбар (с) мепурсад: «Сипас кӣ?». Пайғамбар (с) дар ҷавоб боз мегўяд: «Модарат». Он шахс бори сеюм мепурсад: «Сипас кӣ?». Пайғамбар (с) бори сеюм мегўяд: «Модарат, сипас падарат». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Ба якдигар дасти кўмак дароз намудан ҳам аз амалҳои солеҳ ба  шумор меравад. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Ҳар касе машаққатеро аз бародараш осон намояд, Худованд машаққатҳои  рўзи Қиёматро аз ў осон  менамояд».

Дар ҳадиси шариф ворид шудааст, ки марде аз Пайғамбар (с) пурсид: «Аз ҳама садақаҳо кадом беҳтар аст? Фармуд: Дар ҳолати тангдастӣ кўшиш кардан ва аз касе шурўъ кун, ки сарпарастии ў ба зиммаи туст». (Ривояти Абўдовуд, Ибни Хузайма ва Ҳоким).

Мусулмони асил дар муносибат ба Аллоҳ, ба китоби Ў, пайғамбари Ў, ба сарварони мусулмонон, умуман нисбат ба ҳамаи мусулмонон садоқату хайрхоҳӣ зоҳир менамояд, зеро чунин садоқат яке аз асосҳои муҳимтарини дини ислом аст. 

Аз Тамим ибни Авси Дорӣ (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) гуфт: «Дин насиҳат аст». Гуфтем: "Насиҳат барои кист?" Гуфт: «Насиҳат барои Худо, барои Қуръон, барои пайғамбараш ва барои пешвоёни мусулмонон ва барои оммаи онҳо». (Ривояти Муслим).

Яке аз шартҳои амали солеҳ он аст, ки он бояд холис ва бериё анҷом дода шавад. Худованд мефармояд:

«Ҳар кас дидори Парвардигори хешро умед мебандад, бояд кирдори шоиста дошта бошад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад». (Каҳф; 110).

Ҳакиме мефармояд, ки барои солеҳ шудани амал чор чиз лозим аст.

Аввал:  илм пеш аз шурўъи амал.

Дуюм:  нияти нек дар оғози амал.

Сеюм:  сабр дар миёни амал.

Чорум:  ихлос дар охири амал.

Шайх Фаридуддини Аттор дар ин маврид мегўяд:

Чун набошад пок аъмол аз риё,

Ҳаст беҳосил чу нақши бурё.

Ҳар киро андар амал ихлос нест,

Дар чаҳон аз бандагони хос нест.

Ҳар киро кор аз барои Ҳақ бувад,

Кори ў пайваста боравнақ бувад.

Пок гардонӣ амалро аз риё,

Шамъи имони туро бошад зиё.

Некӣ кардан ба ҳамсоя ва гиромӣ доштани меҳмон низ аз ҷумлаи аъмоли солеҳ ба шумор меравад. Чунонки аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо, (с) фармуданд: «Ҳар касе ба Худо ва рўзи қиёмат бовар дорад, пас бояд суханони некў гўяд ё хомўш шавад ва ҳар касе ба Худо ва рўзи қиёмат бовар дорад, пас бояд ҳамсояашро гиромӣ дорад ва ҳар касе ба Худо ва рўзи қиёмат бовар дорад, пас бояд меҳмонашро гиромӣ дорад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Хулоса амали солеҳ дар зиндагии инсон нақши муҳим ва муассир дорад ва ба ивази он аҷру подош мегирад. Чунонки Худованд мефармояд:

            «Пас, ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад». (Сураи Зилзол; ояти 8).

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.03.2024

أكثر
الفجر04:44
الظهر12:40
العصر16:55
المغرب18:54
العشاء20:24
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر