مسألة № 01465

Бародари ман қариб ду сол боз бемор аст ва бо касе сухан намегӯяд, берун намебарояд ва хӯрокашро базӯр мехӯрад. Ходимони дин мегӯянд, ки ҷин дорад, духтурон мегӯянд, ки дипрессия. Оё байни мубтало шудан ба дипрессия ва ё ба ҷин ягон робита ҳаст? Чигуна метавонем ба бародарам кумак кунем?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Бародари ман қариб ду сол боз бемор аст ва бо касе сухан намегӯяд, берун намебарояд ва хӯрокашро базӯр мехӯрад. Ходимони дин мегӯянд, ки ҷин дорад, духтурон мегӯянд, ки дипрессия. Оё байни мубтало шудан ба дипрессия ва ё ба ҷин ягон робита ҳаст? Чигуна метавонем ба бародарам кумак кунем? Медонам, ки дарду шифо ҳама дар дасти Худованд аст. Дуо кунед, ки бародарам шифо ёбад.

Саволдиҳанда: Бародари исломӣ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, чӣ тавре навиштед, эҳтимоли мубтало будан ба ҷин вуҷуд дорад, ӯро бо оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои маъсура дуохонӣ кунед, иншоаллоҳ шифо меёбад. Алоқа доштан ё надоштани дипрессия бо ҷинро мутахассисони соҳа медонанд. Худованд аз шифохонаи ғайби худ ба бародари шумо шифои комил ва сиҳҳати оҷил ато фармояд.

2017-10-13
3780
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54