مسألة № 01566

Оё ба зане салом кунӣ ва нармии баданаш аз дилат гузарад, бо духтари ин зан издивоҷ карда метавонӣ? 2. Оё бо фатвои ғайри муқаллидин амал кардан дуруст аст?...

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. 1. Оё ба зане салом кунӣ ва нармии баданаш аз дилат гузарад, бо духтари ин зан издивоҷ карда метавонӣ? 2. Оё бо фатвои ғайри муқаллидин амал кардан дуруст аст? 3. Бо чанд литр об бояд ғусл намуд? 4. Оё ҷоду ҳақиқат дорад ва ҷодугар инсонро ҷоду карда метавонад? 5. Оё гарму хунук кардан ҳақиқат дорад ва дар кадом ҳолатҳо гарму хунук кардан байни зану шавҳар ҷоиз аст?

Саволдиҳанда: Мулло

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, ба сабаби дар дил гузаштани хаёлоти ғайри шаръӣ нисбати зани бегонае издивоҷ бо духтари он зан ҳаром намегардад, ба шарте ки шаҳват ғолиб набошад. 2. Ақидаи фарди мусулмон нисбати мазҳабаш бояд қатъӣ бошад, на гумонӣ. Хусусан пайравони мазҳаби ҳанафӣ дар шароити феълӣ аз фатвоҳои ғайри муқаллидин истифода накунанд, зеро амал кардан ба фатвоҳои ғайри муқаллидин сабаби ихтилоф ва парокандагӣ мегардад. 3. Ғусл кардан дар умум миқдори муайян надорад, зеро ҷисми инсонҳо аз якдигар тафовут доранд. Ҳар касе тибқи ниёз ва зарурати худ дар ғусл миқдори муайяни обро истифода мебарад. Барои ашхоси миёна истифодаи сеюним литр об дар ғусл кифоя мекунад. 4. Ҷоду ҳақиқат дорад ва таъсир ҳам мерасонад, лекин шариат роҳҳои пешгирии онро бо хондани сураҳои қуръонӣ тавсия додааст. 5. Шариати Ислом гармӣ ё хунукӣ карданро иҷозат надодааст, балки барои хуб шудани муносибати байни зану шавҳар дуо кардан дар намозҳо, хусусан дар нимашаб муфид ва муассир аст.

2017-12-16
4729
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54