مسألة № 01867

Ман саҳарӣ даҳонро бастаму фаромўш кардам, ки дору истеъмол кунам (бемориям ҷиддӣ набуд, ки сабаби рўза нагирифтанам шавад. Дидам, ки ҳанўз вақт буд, дору истеъмол кардаму баъдан дубора ният кардам. Баъзеҳо мегўянд, ки ният кардӣ, дуюмбора ягон чиз истеъмол кардан намешавад.

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман саҳарӣ даҳонро бастаму фаромўш кардам, ки дору истеъмол кунам (бемориям ҷиддӣ набуд, ки сабаби рўза нагирифтанам шавад. Дидам, ки ҳанўз вақт буд, дору истеъмол кардаму баъдан дубора ният кардам. Баъзеҳо мегўянд, ки ният кардӣ, дуюмбора ягон чиз истеъмол кардан намешавад. Ҷавоби Шуморо интизорам. Дар ҳаққи мо ҷавонон дуо кунед. Худо ҳамаи мову Шуморо дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад.

Саволдиҳанда: Мирзо

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, модоме ки субҳ надамидааст, даҳонбандӣ эътибор надорад, балки пас аз дамидани субҳ эътибор пайдо мекунад. Худованд ба шумо тавфиқу комёбӣ ва саломатӣ ато фармояд.

2018-06-14
3835
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.04.2024

أكثر
الفجر03:53
الظهر12:40
العصر17:25
المغرب19:24
العشاء20:55