مسألة № 01877

Як қисми пулеро, ки аз идораи букмерӣ ба даст меояд, дар харидани телефон, компютер ё пур кардани суратҳисоби телефон ва қисми дигарашро ба ягон ниёзманд сарф кунем, мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Як қисми пулеро, ки аз идораи букмерӣ ба даст меояд, дар харидани телефон, компютер ё пур кардани суратҳисоби телефон ва қисми дигарашро ба ягон ниёзманд сарф кунем, мешавад? 2. Дар вақти имтиҳонот муаллимон дар донишгоҳ аз мо пул мегиранд, ҳамин пуле, ки аз идораи букмерӣ ба даст овардаем, як қисмашро дар имтиҳонот ва як қисми дигарашро ба ниёзмандон сарф кунем, мешавад?

Саволдиҳанда: Абдураҳмон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, маблағе, ки аз ҳисоби букмерӣ ба даст меояд, ҳамаи онро ба ниёзмандон сарф кунед. 2. Пора додан кори нораво аст, илму донишро бо пора ва роҳи фиреб ба даст намеоранд, балки бо омўзишу таҳсили содиқона. Он вақти гаронбаҳоеро, ки дар маркази букмерӣ зоеъ мекунед, ба хондану омўзиши илму ҳунар сарф бояд кард, иншоаллоҳ бе додани пора дар имтиҳонот комёб хоҳед шуд. 

2018-07-06
2863
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48