مسألة № 02478

Оё бо худ доштани “раднома” дуруст аст ё на?

مسألة:

Оё бо худ доштани “раднома” дуруст аст ё на?

Саволдиҳанда: Муҳаммад

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат бо худ доштани раднома ҷоиз мебошад, ба шарти он ки калимоти дар инҳо навишташуда аз оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои шаръӣ иборат бошанд ва маънояшон возеҳ ва фаҳмо бошанд, илова бар ин, дар онҳо калимоти ширкӣ мавҷуд набошад. Қобили зикр аст, ки раднома ва тўмор барои он касоне аст, ки оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пиронсолӣ ва ё хурдсолӣ хонда наметавонанд. Аммо касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои ҳифз аз зарарҳои шайтон бояд худашон ин дуоҳоро субҳу шом хонда, ба баданашон бидаманд. (“Мишкотул-масобиҳ”. 2, с. 388; “Саҳеҳ”-и Муслим ҷ. 2, с. 224; “Раддул-муҳтор”, ҷ. 2, с. 363)

2021-02-21
1700
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54