مسألة № 02703

Оё ният кардан бо забон дар намозу рўза, салоти ҷаноза ва ғайра бидъат аст? Оё Паёмбар (с) ва саҳобагонаш бо забон ният мекарданд?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Оё ният кардан бо забон дар намозу рўза, салоти ҷаноза ва ғайра бидъат аст? Оё Паёмбар (с) ва саҳобагонаш бо забон ният мекарданд?

Саволдиҳанда:Ҳасан

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, маънои ният дар луғат қасд ва тасмими қалбӣ аст. Талаффузи ният дар намоз ва дигар ибодатҳо бидъат набуда, балки амри мустаҳаб, яъне амали писандида ва хуб аст. Дар китоби “Мухтасарул-виқоя” дар ин бора чунин мефармояд: “Қасд (тасмими қалбӣ) ҳамроҳ бо талаффузи он афзал аст”. Яъне ба забон талаффуз кардани ният сабаби ҳамоҳанг шудани дилу забон шуда, забон тасмими қалбро тақвият мебахшад. Ин чизе аст, ки уламои шариат баён кардаанд ва албатта онҳо дар асоси далелу ҳуҷҷате, ки дар даст доштаанд, ин ҳукмро дар китобҳои фиқҳӣ навиштаанд.

2022-04-26
1317
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.04.2024

أكثر
الفجر03:53
الظهر12:40
العصر17:25
المغرب19:24
العشاء20:55