Home Articles Аҳком ва фазилати қурбонӣ

Аҳком ва фазилати қурбонӣ

Аҳком ва фазилати қурбонӣ
2019-08-09
89

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Бояд донист, ки ибодатҳое, ки дини мубини Ислом бар бандагони Худо муқаррар кардааст, баданӣ ва молӣ ҳастанд. Намозу рӯза ибодати баданӣ ва ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ аст. Қурбонӣ низ яке аз ибодатҳои молӣ ба шумор меравад. Худованд дар Қуръон мефармояд: “Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ӯ қурбонӣ кун”. (“Кавсар”; 2)

Чун қурбонӣ ибодати молист, дар Ислом аз аҳамияти вежае бархӯрдор аст. Қурбонӣ яке аз шиорҳои Ислом аст, ба он хотир ки мутобиқи суннати Иброҳим ҷонварро холис барои Худои ягона ва барои ризои Ӯ забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорпои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шоху мӯй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорпои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед”. (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа)

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) мефармояд: “Пайғамбари Ислом (с) баъди ҳиҷрати худ аз Маккаи Мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи Мунаввара зиндагӣ ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд”.

Қурбонӣ дар назди Имоми Аъзам (р) воҷиб аст ва фатво низ бар ҳамин аст. Қурбонӣ бар он шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Мавсими қурбонӣ дар рӯзҳои 10-ум, 11-ум ва 12-уми моҳи Зулҳиҷҷа аст. Агар дар ғайри ин рӯзҳо қурбонӣ карда натавонист, дар шабҳои ин муддат қурбонӣ кардан ҷоиз аст, вале рӯзона забҳ кардан авлост. Агар нафаре аз сабаби ғафлат дар ин рӯзҳо қурбонӣ накард, бояд қимати моли қурбониро ба муҳтоҷону тангдастон садақа намояд.

Агар шахсе хоҳад, ки қурбонии солҳои гузаштаашро диҳад, метавонад, ки пули қурбониро ба мискинон диҳад.

Агар дар як хона чанд бародар зиндагӣ кунанду ҳамагӣ соҳибнисоб бошанд, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб бошаду ҳамагӣ дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад.

Бархе аз мардум бар ин ақидаанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан бар онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд. Ин ақида ғалат аст ва асоси шаръӣ надорад, зеро ки шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватмандӣ аст.

Қурбонӣ танҳо аз чорпоёни хонагӣ, яъне шутур, гов, говмеш ва бузу гӯсфанд дуруст мешавад. Забҳ кардани ҳайвони ваҳшӣ дар қурбонӣ ҷоиз нест.

Моли қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Бузу гӯсфанд бояд аз яксола боло бошад, вале агар аз 6-моҳа боло буда, чунон солиму фарбеҳ бошад, ки монанд яксола ба назар намояд, қурбонӣ кардани он ҷоиз аст. Гов бояд аз дусола ва шутур аз панҷсола боло бошад. Шир ё пашми моли қурбониро гирифтан ва фурӯхтан ҷоиз нест. Агар касе чунин кард, бояд ба миқдори он садақа кунад.

Агар ҳайвон хилқатан шох надошта бошад, забҳи он барои қурбонӣ ҷоиз аст. Агар як қисмати шохи ҳайвон шикаста ё қатъшуда бошад, забҳи он низ дуруст аст. Аммо агар шикастагии он аз бехи шох бошад, қурбонӣ кардани он дуруст нест.

Ҳамчунин агар ҳар ду чашми ҳайвон ё як чашми он нобино бошад ё бағоят лоғар бошад, ки дар устухони он мағз набошад ё дандонҳояш шикаста бошад ё гӯш ва ё думаш қатъ шуда бошад, забҳи он ҷоиз нест. Аммо агар аз се ду ҳиссаи гӯши ҳайвон боқӣ бошад, забҳи он ҷоиз мебошад.

Барои қурбоникунанда ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонии худ бихӯрад. Ҳамчунин барои ӯ ҷоиз аст, ки аз гӯшти қурбонӣ ба фақирону аќрабо таом диҳад. Агар тамоми гӯшти қурбониро барои хонаводаи худ захира кунад, низ ҷоиз аст. Мустаҳаб ин аст, ки гӯшти қурбониро ба се ҳисса тақсим намуда, як ҳиссаи онро садақа диҳад, як ҳиссаи дигарро барои хонаводаи худ захира кунад ва як ҳиссаи боқимондаро ба наздикону дӯстонаш бифиристад.

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд:

«Ҳар касе ҳоҷати як фард аз уммати маро бароварад ва мақсади ӯ шод кардани вай бошад, маро шод кардааст, ҳар касе маро шод  кунад, Худовандро шод кардааст ва ҳар касе Худовандро шод кунад, Худованд ӯро вориди биҳишт мекунад». (Ривояти Байҳақӣ).

Ҳамон тавр ки аз ин ҳадис маълум гардид, эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст. 

Худованд ҳамаи мусулмононро тавфиқи ба ҷо овардани ин ибодати молӣ насиб гардонад.

 

Муҳиддинов Хушмаҳмад – имоми масљиди марказии ш. Душанбе

Pray time in Dushanbe

19.08.2019

More
Fajr04:07
Zuhr12:40
Asr17:22
Maghrib19:22
Isha20:52
Speeches by the President
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More