Home Articles БЕҲТАРИН ИҚДОМИ ИНСОНПАРВАРОНА

БЕҲТАРИН ИҚДОМИ ИНСОНПАРВАРОНА

БЕҲТАРИН ИҚДОМИ ИНСОНПАРВАРОНА
2019-11-07
2722

Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ва баъдан аз ҷониби парлумони мамлакат якдилона дастгирӣ шудани онро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун як иқдоми басо инсондӯстонаи Сарвари давлати Тоҷикистон пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ин қонун амали ҷавонмардонае буд, ки боиси хушҳолӣ ва қаноатмандии ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Авф кардан ва ё бахшиши ҷазо аз хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки дар шариати мусалмонӣ ва ҳам аз нигоҳи арзишҳои башарӣ хеле баланду олӣ баҳо дода мешавад. Пеш аз ҳама, афв нишонаи камолоти инсон ва гувоҳи маъанвияти бузург доштани он аст. Хеле бамаврид буд, ки қонуни мазкур дар арафаи ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд ва ин санади башардӯстона исбот намуд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар он ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ба мақому манзалат ва сарнавишти ӯ арҷ гузошта мешавад, яъне моҳиятан Тоҷикистон давлати иҷтимоист. 

Қобили зикр аст, ки дар даврони истиқлолият бори 16-ум аст, ки ин иқдоми инсондӯстона амалӣ мешавад, дар ҳоле, ки чунин хайрхоҳӣ дар ягон кишвари пасо шӯравӣ дида нашудааст.

Мувофиқи афкори ҳуқуқшиносон, ки қонуни мазкурро дар амал табиқ мекунанд, дар Тоҷикистон зиёда аз 7 ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳӣ озод гардида, беш аз 4500 нафар аз ҷазоҳои дигари ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда озод карда мешаванд. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазояшон  кам карда мешавад. Ин қонун   инчунин нисбат ба зиёда аз 2000 шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ мегардад.

Як ҷиҳати муҳимми ин қонун ба занон дахл дорад, яъне беш аз 280 зан аз ин қонун манфиат мебинанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраҳои гуногуни рушди Тоҷикистон борҳо чунин қонунҳоро қабул кардааст. Аммо қонуне, ки акнун дар амал татбиқ шуда истодааст, бо фарогирии зиёди маҳкумшудагон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа, занону ноболиғон фарқи зиёде дорад. Мардум бо қаноатмандии зиёд, бо хушнудиву шукргузорӣ аз ҷавонмардиҳо ва хислати мардумнавозии Сарвари давлат қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Ин иқдоми Пешвои миллат аз нигоҳи  шаръӣ низ арҷи бузург дорад. Дар Қуръони карим дар хеле мавридҳо аз фазилати бахшоиши гуноҳҳо ва авф намудан сухан меравад.

Масалан, дар мавриди авф дар ояти 9-и сураи «Ҳуҷурот» чунин омадааст: «Ва ҳар кӣ сабр кунад ва биомурзад, ба дурустӣ ки ин (сифат) аз корҳои беҳтарин аст».

Албатта, ба авф кардан роҳбаре имкон дорад, ки табиатан адолатпарвар, додгустар ва нисбат ба раъияташ меҳрубону ғамхор аст. Аз ин ҷиҳат, ҳадиси мубораки Пайғамбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад гувоҳ аст:  Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармуд: «Ҳафт кас аст, ки Худованд ононро дар сояи Аршаш, дар рӯзе, ки сояе ҷуз сояи Арши Ӯ вуҷуд надорад, ҷой медиҳад: зимомдор ва роҳбари додгустар …». Инчунин Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: «Муқситин (адлкунандагон) дар назди Худованд бар минбарҳое аз нур қарор доранд, ононе, ки дар ҳукмашон ва хонаводаҳояшон ва вилояте, ки ба онҳо дода шуда, адолатро риоят мекунанд».

Дар ин маврид – ҳам оид ба раҳбари адолатпешаву бахшанда ва ҳам манфиати зиёд доштани авфу бахшиш сарчашмаҳои исломӣ иттилооти фаровоне доранд. Ҳамаи онҳо ба як нукта ишора мекунанд, ки он адолат ва арзиши олии инсонпарварист.

Мардум мебояд ба қадри чунин накуиҳо бирасанд ва шукри озодиву озодагӣ кунанд. Ба ин ҷиҳати масъалаи ояти 7-и сураи «Иброҳим» ишора мекунад: «Агар куфрони неъмат кунед, ҳамоно азоби Ман сахт аст».

Ҷамолиддин Хомӯшов,

 Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More