Home Articles ИНТИХОБИ МАВОДИ МУХАДДИР - ХАТАРНОКТАРИН РОҲИ ҲАЁТ

ИНТИХОБИ МАВОДИ МУХАДДИР - ХАТАРНОКТАРИН РОҲИ ҲАЁТ

ИНТИХОБИ МАВОДИ МУХАДДИР - ХАТАРНОКТАРИН РОҲИ ҲАЁТ
2020-10-16
1895

Дар ҷомеаи башарӣ тӯли солҳост, бемории хатарноке, ки вабои аср ном гирифтааст, рӯ ба афзоиш дорад. Ин падидаи номатлуб, ки нашъамандӣ ном бурда мешавад, солҳои дароз аст, ки инсонҳои мубталоро ба коми марг мекашад ва дар баробари муборизаҳову талошҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам бо вуҷуд доштани худ, сояи тираи  хатарро болои ҷаҳони имрӯз фурӯ нишондааст. 

Пӯшида нест, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир на танҳо  фақат гирифторон ва беморонро ба ин маводи хатарнок аз худ боқӣ мегузорад, балки он яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон низ ба шумор меравад. Албатта мусаллам аст, ки ҳар ҷо ки сухан сари маблағҳои ҳангуфти қочоқшуда меравад, бешубҳа паси ин гуна даромадҳои муфт  манфиатҳои хатарзо ва дасисасозе меистанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми худ ба Маҷлиси олӣ аз 26 декабри соли 2019 низ зикр намуда, аз ҷумла ёдрас намуда буданд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, моро зарур аст, ин гуфтаҳоро дастурамали фаъолияти худ қарор дода, масъулиятшиносии хешро дар ин самт боз ҳам қавитар гардонем ва ҳатто бо саҳми кӯчактарини хеш нагузорем, ки ин оташи ноаён дар ҷомеаи мо доман паҳн карда панҷа ба хонаводаҳо ва ҷомеаи орому осудаамон занад, чун мусаллам аст, ки хомӯш намудани ин гуна оташ коре мебошад душвор ва ҳатто гоҳо ғаириимкон.  Ин ҷо сухан сари ҳаёт ва мамоти садҳо ҳазор нафар ҷавонони ҳушманд ва фарзандони баруманди миллати мо  меравад, ки ҳадафи ягонаашон ободии ватан ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ мебошад ва ҳадафи ҳар кадоми онон хидмати содиқона ба халқу диёри азиз аст.          

Тибқи маълумоти расмии СММ сол ба сол майдони кишти зироатҳои маводи мухаддир дар ҷаҳон меафзояд. Аз ҷумла, аз рӯи нишондоди созмони мазкур заминҳои кишти гиёҳҳои аз ин мавод таркибёфта    соли 2017 63 фоиз зиёд шуда, то ба 328 ҳазор гектар расидааст ва эҳтимол меравад, ки  истеҳсоли маводи мухаддир нуҳ ҳазор тоннаро дар муодили афюн ташкил хоҳад дод ва мутассифона кӯшиши интиқоли як қисми муайяни ин маводи марговар  тавассути кишвари мо сурат мегирад, ки ин амали ғайриқонунӣ дар арсаи байналмиллал нуфуз ва эътибори кишвари сулоҳбоди моро мекоҳонад.

Бешак, роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳар фарди ҷомеаи кишварро водор месозад то эҳсоси масъулият намуда, дар ин масъалаи басо муҳим ва доғи рӯз бетараф набуда, дар ҳамбастагии тамоми сохторҳои масъул, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси  нашъамандӣ, омилҳои таъсиррасонро дар сатҳи болоравии ин вабои аср арзёбӣ намуда, ҷомеаро аз хавфи нашъамандию наъшаҷаллобӣ эмин нигаҳ дорад. Зеро маънии бетараф будан, худ бар зарари ҷомеа кор карданро дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки мубориза бо маводи мухаддир масъала ва мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ мебошад ва бадбахтии он тамоми қишрҳои кишварҳои ҷаҳониро дар бар мегирад. Ба ҳамагон маълум аст, ки қочоқи маводи мухаддир аз зумраи ҷиноятҳои муташаккил маҳсуб ёфта, боиси афзоиши фасод ва зулм дар рӯи замин мегардад.

Бо мақсади беҳбуд бахшидани корҳо дар ин самт дар кишвари мо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки аз ҷониби ин ниҳоди пурқудрат доир ба пешгирӣ ва бартараф кардани ин вабои аср ҳамасола тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд, то ин ки теъдоди мубталоён ба ин беморӣ коҳиш дода шуда, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз байн бурда шавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамкории Агентии мазкур бо ниҳодҳои дахлдори кишварҳои дунё хуб ба роҳ монда шудааст.

Лоиқ ба қайд аст, ки дар айни ҳол мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир танҳо дар чаҳорчӯбаи мустаҳкам кардани сарҳад хулоса ва ҷамъбаст намешавад. Тавре ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ баён дошта буданд, мо бояд дар мавриди аз байн бурдани заминаҳои даст задани иддае дар кишвари ҳамсоя ба кишт, парвариш ва қочоқи маводи мухаддир ҳам фикр кунем. Ин заминаҳо  аз фақр, бекорӣ ва бесаводӣ иборатанд. Аз ин рӯ маълум мегардад, ки ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, то дар мавриди мубориза бо ин се падидаи номатлуб ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ёрии беғаразонаи худро расонад, то заминаҳои густариши маводи мухаддир аз байн бардошта шавад.

Тибқи маълумоти мақомоти дахлдор дар соли 2019, дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон майдони умумии кишти кукнор 262 ҳазору 588 гектарро ташкил медод.

Албатта, гуфтан ба маврид аст, ки талошҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани истеъмол ва муомилоти маводи мухаддир солҳои охир натиҷаи хуб ба бор овард.

Аз нишондодҳои муқоисавӣ маълум мегардад, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 шумори нашъамандон нисбати ҳамин давраи соли 2019 камтар ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод аз 5794 нафари соли 2019 ба 5303 дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ коҳиш ёфт. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин нишондод дар нимсолаи аввали соли 2020 1051 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 ҳамагӣ 17 нафар камтар мебошад.

Соли 2019 аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор дар ҷумҳурӣ 1 тоннаю 637 кг маводи нашъаовар аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карда шудааст, ки нисбати соли 2018 2,2  маротиба камтар аст.

Пӯшида нест, ки истифодаи маводи мухаддир зарарҳои зиёде барои шахс ва аҳли ҷомеа дорад. Месазад ин ҷо якчанд намуд аз зарарҳои маводи мухаддирро ба хонанда пешниҳод намоем :

зарари динӣ;

зарари беҳдоштӣ (гигиенӣ);

зарари иҷтимоӣ;

зарари иқтисодӣ;

зарари амниятӣ;

Зарари динии маводи мухаддир

Маводи мухаддир аз чанд ҷиҳат барои аҳли дин зарар дорад: вақтро зоеъ ва ақлро аз байн мебарад. Ҳар гоҳ инсон вақт ва ақлашро аз даст бидиҳад, ин сабаби аз байн рафтани бузургтарин рукн аз аркони       ислом - намоз мегардад.

Мусаллам аст, ки баъзе аз анвои маводи мухаддир истеъмолкунандаро соатҳои тӯлонӣ ё чанд рӯз чунон таҳти таъсир қарор медиҳад, ки дигар тавваҷҷуҳе ба ҳеҷ чиз надорад. Воқеан, Худованди мутаол дуруст фармудааст:

«Шайтон мехоҳад ба василаи шароб ва қимор байни шумо душманӣ ва буғз эҷод намуда ва шуморо аз ёди Худо ва намоз боз дорад. Оё бозоянда ҳастед (ё хайр)?» (Сураи Моида, ояти 91).

Дар ин ҳеҷ гуна шак ва тардиде вуҷуд надорад, ки мубориза байни инсон ва нахустин душмани ӯ Иблис, то қиёми қиёмат ихтилоф  барқарор аст. Зеро шайтони лаин қасам хӯрда аст, ки тамоми нерӯяшро барои гумроҳ сохтани инсон ва дур нигоҳ доштан аз ибодати Парвардигор ва боз доштан аз саодати дунё ва уқбо ба кор гирад.

Чунонки Худованди мутаол нисбат ба он дар китоби хеш аз шайтон хабар додаст:

«Эй Худо! Аз он ҷиҳате, ки ту маро гумроҳ қарор додӣ, савганд мехӯрам, ки ман сари ҷодаи мустақими ту, ба хотири гумроҳ кардани инсон хоҳам нишаст» (Сураи Аъроф, ояти 16).

Ҷои дигар: «Қасам ба иззату ҷалоли ту, ки ҳамаро гумроҳ хоҳам кард» (Сураи Сод, ояти 82).

Ҷои дигар: «Ороста мекунам барои онҳо дар рӯи замин ва ҳамаро гумроҳ хоҳам кард» (Сураи Ҳиҷр, ояти 39).

Шайтон алайҳи инсон гоҳе аз роҳи маъсият, гоҳе аз роҳи ғулув дар тоат, замоне аз роҳи хунрезӣ ва куштор ва гоҳе аз роҳи истеъмоли маводи мухаддир истифода мебарад.

Ислом пурарзиштарин неъматест, ки барои банда ато карда шудааст. Бинобар ин,  ҳар гоҳ мусулмон онро ҳифз ва аз он нигоҳдорӣ кунад, аз гумроҳӣ ва иғвои шайтон дар амн қарор мегирад, вале агар кутоҳӣ намуда, онро зоеъ кунад, луқмаи хушгуворе барои шайтон қарор хоҳад гирифт. Ончунон, ки ба дастури ӯ роҳ меравад ва васвос ва машварати ӯро мепазирад, дар ин сурат иртиботаш бо Худо заиф гашта ва роҳи истеъмоли маводи мухаддир ва ғайраро интихоб мекунад. Ҳар касе, ки дар доми маводи мухаддир афтод, иқдом намудан ба ҳар ҷурму ҷиноят аз қабили қатлу дуздӣ ва ғайра барои ӯ осон мешавад.

Ислом ин роҳу равишро намеписандад ва барои инсон раво намебинад. Зеро ин роҳи баду манфур аст ва касе, ки ин роҳро тай мекунад, узве бадтинату бадкирдор дар ҷомеа ба шумор меравад, балки ҳамчун як хиште фосид ва пастсифат барои сохтмони иҷтимоъ аст. Ва ҳамон гуна, ки даррандае, ҳайвони солимро мубтало ба гургӣ мекунад, шахси фосиқ низ шахси солимро фосид ва гумроҳ мекунад.

Бидуни шак ва тардид асароти маводи мухаддир нисбат ба дин хеле хатарнок аст. Чӣ зараре хатарноктар аз ин аст, чун касе ақл, шарафу ахлоқро ва эътимоду эътиқодоти худро аз даст бидиҳад?

 

Зарарҳои беҳдоштии маводи мухаддир

Дар баёни зарарҳои беҳдоштии маводи мухаддир Худованд бар башар эҳсон намуда ва ӯро неъмати сиҳатӣ ва саломатӣ дода ва ӯро муваззаф карда, то худро аз ашёи зараровар ҳифз намояд. Чунонки   ҷаноби Расули Худо (с) фармудааст:

«Ду неъмат ба гунае аст, ки бештари мардум ба онҳо фиреб хӯрдаанд, яке сиҳат ва саломатист ва дуввум фароғат» (Саҳеҳи Бухорӣ).

Маводи мухаддир нисбат ба нафси инсон аз ҳар чизи дигар бештар зарар дорад, зеро таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки истеъмоли маводи мухаддир сабаби падид омадани амрози хатарноке аст, ки улуми пизишкӣ дар муолиҷаи бештаре аз онҳо дар назди аҳли ҷомеаи ҷаҳон оҷиз  мондааст.

Баъзе аз пажӯҳишгарон зиёнҳои беҳдоштии маводи мухаддирро ба шарҳи зер хулоса кардаанд: лоғарӣ, офоти аъзои бадан, падид омадани ларза ва маҳаррук дар бадан, зард шудани пардаи мултаҳимаи чашм, ки натиҷаи сӯзиши ҷигар аст, фурӯрафтагии ҳалқаи чашм бар асари истеъмоли маводи мухаддир, падид омадани садо дар гӯшҳо ба сабаби истеъмолӣ доруҳои хобовар, фосид шудани дандонҳо, ки гоҳе сабаби аз байн рафтани тамоми онҳо мешавад, сӯзиши қалб, осеб дидани даричаҳои қалб, ихтилоли назми кор дар қалб, суст шудани кори гурдаҳо, оҷиз шудани мард аз амали ҷинсӣ, сардмиҷоз шудани шаҳват дар мардону занон ва ғайра.

 

Зарарҳои иҷтимоии маводи мухаддир

Зарарҳои иҷтимоии маводи мухаддир аз хатарноктарин ва возеҳтарин зарарҳо маҳсуб меёбанд. Зеро инҳо домангири фард, хонавода ва тамоми ҷомеа мебошанд.

Ҳар гоҳ ин амал зиёд шавад, шумораи беморон низ дар он зиёд мешаванд. Заъфу сустӣ дар ҷомеа падид меояд ва аҳли он  наметавонад аз шахси гирифтор  дифоъ кунад. Истеъмоли маводи мухаддир аз ҷониби фарде ба ҳар як аҳли хонавода таъсири чашмрас ва хеле бади худро  мегузорад, бешак волидони фарзанде, ки ба ин вабо гирифтор гаштааст, шабу рӯз дар банди ғаму кулфат афтода роҳи халосии фарзандашонро аз он ҷустуҷӯ менамоянд, ҳарчанд ки пайдо намудани ин роҳ саҳлу содда ҳам нест ва дар он мавриде ки дар хонавода истеъмолкунандаи ин маводи заҳрсифат падар бошад, дар бештари маврид фарзандон низ ба ӯ тақлид карда, бо роҳи интихобкардаи падар раҳсипор мегарданд.  Чунонки Расули Худо (с) фармудааст:

«Ҳар навзод бар дини фитрӣ ба дунё меояд, боз падар ва модараш ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ ё насронӣ ё маҷусӣ мекунанд» (Саҳеҳи Бухорӣ ).

 

Зарарҳои иқтисодии маводи мухаддир

Мол раги ҳаёт аст. Нерӯмандӣ ва манзалати ҳар давлате аз вазъи иқтисодияш андозагирӣ мешавад. Маводи мухаддир хатарноктарин роҳи пай овардани вазъи иқтисодии ҳар кишвар ва ҳар давлате аст. Ҳарчанд қувваи иқтисодии он дар вазъи хубе бошад. Зарарҳои иқтисодии маводи мухаддирро метавон дар умури зайл хулоса намуд:

1. Шарик сохтани ҳар фарде дар тавлид, дар гарави нерӯи бадании ӯ. Ҳар гоҳ фард ба эътибори ҷинси солим ва аз назари зеҳн ва фикр бедор ва ҳушёр бошад, дар масири иқтисодии ҷомеа зербинои хубе қарор мегирад ва баракс, ҳар андоза фард заифулҷисм ва кутоҳфикр бошад, барои иҷтимоъ асоси номуносибе қарор мегирад.

2. Муолиҷаи ин гуна беморон дар бемористонҳои ҷисмӣ ва равонӣ вазифа ва хоҳиши пизишкону мутахассисон аст, ки ин ҳама ҳазинаи сангине бар дӯши давлат мебошад.

3.Қоҷоқи маводи мухаддир, пешгирӣ ва бартарафсозии он ниёзманд ба ҷалби мутахассисони бештар ва маъмурони зиёде дар дастгоҳҳои назораткунанда аст ва ин яке аз заминаҳои заъфи иқтисоди кишвар шуда метавонад.

4.Дар ҳар ҷомеае, ки истеъмоли маводи мухаддир зиёд бошад, танбалӣ ва бекорӣ дар он густариш меёбад.

 

Зарарҳои амниятии маводи мухаддир

Агар аз анҷом додани аъмоли ношоиста ва муҳарромоте, ки Худои таъоло дар Қуръони карим ба мо хабар додааст, худдорӣ накунем аз дунболи он мо балоҳоеро дучор мешавем, ки дар Қуръони карим, аҳодис ва ривоятҳо, инчунин дар саргузашти анбиёву авлиё дарҷ гардидааст.

Аз ҷумлаи касоне, ки маводи мухаддирро мулҳақ ба хамр медонанд, метавон афроди зерро ном бурд: Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби «Фатҳу-л-Борӣ», Имом Набавӣ дар китоби «Алмаҷмӯъ», Аллома Мануфи Моликӣ дар китоби «Таҳзибу-л-фуруқ»,  Ибни Қайим дар китоби «Зоду-л-маъод», Ибни Ҳаҷм дар китоби «Маҳаллӣ», Ибни Ҳаҷари Ҳайталӣ дар китоби «Аз-завоҷир» ва ғайра.

Инчунин Аллома Ибни Обидин дар китоби «Радду-л-мухтор» аз ин оятҳои Қуръони карим истифода кардаанд:

- Сураи Моида, ояти 91;

- Сураи Ҳиҷр, ояти 15;

- Сураи Аъроф, ояти 157;

- Сураи Бақара, ояти 219;

- Сураи Нисо, ояти 43;

- Сураи Бақара, ояти 195;

- Сураи Нисо, ояти 29.

Ин ҷо дар тақвияти гуфтаҳои боло метавонем илова намоем, ки дар натиҷаи истеъмол ва истифодабарии маводи мухаддир дар баъзе хонаводаҳо мушкилот ва масъалаҳои зиёди печдарпече  соя афкандааст, ба монанди: ихтилоф ва низои зану шавҳар, талоқ ва аворизи вайронгари оилаҳои ҷавон, барҳам хӯрдани дилхушиву осудагӣ ва фароғати кӯдакон ва навҷавонон,  пайдо гаштани дӯстони бад ва сууҳбатҳои гумроҳкунанда, бархӯрди номуносиби волидайн бо фарзанд, тамошои филмҳои дорои хусусиятҳои ҷиноӣ ва шаҳвонӣ, болоравии сатҳи бекорӣ дар ҷомеа, бетаваҷҷуҳии волидайн дар тарбияти фарзанд.

Баъд аз мутолиаи ин боб ҳар нафар метавонад худ дарк намояд, ки дини Ислом қотеона истеъмоли маводи мухаддирро манъ намуда, нашъамандонро  ҳамаҷиҳата маҳкум мекунад. Бинобар аҳкоми дини мубини ислом нашъаманд аз раҳмати Худо маҳрум шуда, дар дунё ва охират мавриди иқоб қарор дода мешавад, зеро истифодаи маводи нашъадор на танҳо ба худи нашъаманд зарар дорад, балки нашъа сабаби вайрон шудани оилаҳо, ятим мондани кӯдакон, қатлу ғорат, паст рафтани маърифати ахлоқӣ ва садҳо дигар бадиву бадбахтиҳост.

 

Пешгирии нашъамандӣ  

Пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар баробари мубориза бо муомилоти қонунии маводи мухаддир яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  коҳиши талабот ба маводи мухаддир маҳсуб мешавад.

Дар ин самт ҳуҷҷати калидӣ оид ба банақшагирии чорабиниҳои зарурӣ дар доираи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба шумор меравад, ки ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ба роҳ монда,он  аз чораҳои зерин оид ба коҳиши талабот ба маводи мухаддир иборат аст:

Ташкили муносибати манфии ҷомеа ба истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир, таблиғи тарзи ҳаёти солим, истеъмоли маводи  мухаддирро радкунанда, таҳия ва татбиқи барномаҳои маърифатӣ барои омодасозӣ ва аз нав тайёркунии мутахассисон оид ба пешгирии истеъмол аз маводи мухаддир, омодасозӣ ва омӯзонидани намояндагони востиҳои ахбори омма, ки масъалаҳои нашъамандӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддирро инъикос менамояд, истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташаккули шуури ҷамъиятии ҷалби фаъолони иттиҳодияҳои динӣ дар таблиғи пешгирии нашъамандӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии шахсони мубталои маводи мухаддир, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба мводи мухаддир ва нашъамандӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки нисбати ин амал бетараф набошем, фарзандонро дар руҳияи солим тарбия намоем ва ҳар як фарди ҷомеа бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, ободонии ватани азиз саҳмгузор бошад.

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More