Home Articles МАВОДИ МУХАДДИР ВА МАЗАММАТИ ОН ДАР ШАРИАТ

МАВОДИ МУХАДДИР ВА МАЗАММАТИ ОН ДАР ШАРИАТ

МАВОДИ МУХАДДИР ВА МАЗАММАТИ ОН ДАР ШАРИАТ
2021-01-24
1381

Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон

Раҳбарони ташкилотҳои ба ном исломӣ бо фатвоҳои содиркардаи худ ба муқобили ғайримусалмонҳо бо паҳн намудани маводи мухаддир барои заҳролудкунию заҳролудшавӣ мубориза мебаранд, аммо ислом ба чунин шеваи мубориза муқобил буда, ҳамеша ҷонибдори даватҳои неку хайр аст. Чунончӣ Худованди меҳрубон мефармояд: “Ба сӯи роҳи Парвардигори хеш ба донишу панди нек даъват кун; ва бо онҳо ба тариқе мунозира кун, ки вай нек аст! Ба дурустӣ, Парвардигори ту ба касе Донотар аст, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ шуд ва ба роҳёфтагон Ӯ Донотар аст” “Сураи Наҳл, ояти 125. Яъне, даъват кун мардумро ба ислом бо далелҳои маҳкаму устувор ва ҳуҷҷатҳои яқиновар ва мавъизаи некӯ, ки шунаванда мафтуни он гардад ва ба андаруни ҷону хирадаш чунон расад, ки барояш оромиши дил бошад. Ва ба равиш ва тариқае бо онон мунозара кун, ки некӯтарин роҳи мунозара бошад.  Инчунин, Паёмбари гиромиқадр фармудаанд: “Ба дурустӣ, ки ислом дини бузургу мустаҳкам аст ва ба он бо мулоимӣ дохил шавед” (ривояти Байҳақӣ).

Ва аммо агар бо маводи мухаддир тиҷорат бошад ва дар ин асос фоидагирӣ, боз ҳам он савдо ҳаром аст, зеро ҳар чиро, ки Аллоҳи бузург ҳаром кардааст,  тиҷорати он ҳам ҳаром аст пули аз савдои он ба даст меомада ва ҳаром аст, бидуни фарқ, ки он ба мусалмон фурӯхта мешавад ва ё ба ғайри мусалмон. Чунончӣ Паёмбари гиромиқадр мефармоянд:” Ҳар гоҳ Худованд чизеро ҳаром гардонид, пули онро низ ҳаром гардонидааст” (ривояти Абудовуд).  Ва ҳар нафаре, ки аз роҳи ҳаром пул ба даст меораду онро садақа ва хайру эҳсон мекунад ва дар ин асос аҷру подошро умедвор аст, аз миллати ислом хориҷ мешавад, зеро бо ин ақида ҳаромро ҳалол ҳисобидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки давлати ба ном исломии ДИИШ ба фурӯши нафти ғасбшуда ва одаму узвҳои он машғул буд ва ё “Толибон” ба фурӯши маводи мухаддир дар олам аз пешсафон маҳсуб меёбад ва ё ТЭТ ҲНИТ дар куштори ҳазорҳо ҳазор тоҷик даст дораду боз ҳам барои пиёда кардани ҳадафу мақсадҳои ниҳонии мавлоҳои хориҷии худ даст ба фитнаву тафриқа мезанад ва худро ҳомии дин меҳисобаду мардуми оддиро ба гумроҳӣ мебарад.

Мутобиқи таълимоти шариати исломӣ истифодаи маводи мухаддир, аз қабили ҳашиш, тарёк, героин, какаин ва ғайра ҳаром мебошад, зеро касоне, ки онро истеъмол менамоянд, аз воқеъияти зиндагӣ дур мегарданд, дар олами ваҳму хаёл ғарқ мешаванд, заъифулақл мегарданд, ҳатто худ, хонавода, дин, дунёро фаромӯш мекунанд, хаёлӣ мешаванд, асобҳояшон хароб мешавад ва аз эҳсоси тамоми масъулият дур мешаванд, ба зану фарзандони худ раҳм намекунанд ва барои ба даст овардани ин моддаи тиракунандаи ақл даст ба ҳамаи пастӣ мезананд ва ҳар кас ба ҳар наҳве ба он наздик шавад ва ё онро хариду фурӯш намояд ва ё дар таҳияи он ба касе кӯмак карда бошад, мавриди лаънати Худо ва Паёмбар қарор мегирад.

“Дар афюн ҳафтод зарар аст ва камтарини он фаромўш шудани калимаи шаҳодат ба ҳангоми марг мебошад” (Шарҳи Мишкот ва ҳошияи Хулосатул фатово).

Бо вуҷуди ин қадар далелҳои раднашаванда, имрӯзҳо олами ҳастӣ боз ҳам шоҳид он аст, ки раҳбарони ташкилотҳои экстремистию террористии ба ном исломӣ бо ин роҳи ғайришаръӣ маблағ ба даст меоранду онро ба фикри худ ба “кори нек дар роҳи Худо” сарф мекунанд, ки дар асл он маблағҳо барои  нооромиҳо дар ҷаҳон ва шикасти уммати ислом равона шудааст ва онон бехабар аз он ҳастанд,  ки Худованди мутаъол хайру эҳсон ва ҷумла ибодатро фақат аз худотарсҳо қабул дорад, чунончӣ, Ӯ таъоло мефармояд:”...Худованд фақат амали парҳезгоронро мепазирад”. Ҷузъе аз ояти 27-и сураи Моида.

Ҳ Бобошукуров, – мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и ш. Конибодом

Н. Ҳидоятов, - имомхатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари ш. Конибодом.

Pray time in Dushanbe

20.04.2024

More
Fajr04:07
Zuhr12:40
Asr17:19
Maghrib19:17
Isha20:48
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More