Home Articles МУБОРИЗА БО ЭКСТРИМИЗМ ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ФАҚАТ ВАЗИФАИ ҲУКУМАТ НЕСТ

МУБОРИЗА БО ЭКСТРИМИЗМ ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ФАҚАТ ВАЗИФАИ ҲУКУМАТ НЕСТ

МУБОРИЗА БО ЭКСТРИМИЗМ ВА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ФАҚАТ ВАЗИФАИ ҲУКУМАТ НЕСТ
2021-01-24
156

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоти сиёсӣ ва қудратии кишвар хатару оқибатҳои тафаккури ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро ба роҳ мондаанд. Дар айни замон аксари ҷавонони пайрави ин ҳарактҳо ба шиору таблиғоти роҳбарони онҳо самимона бовар карда, ба ҳаёҳуйи сиёсию идеологии онҳо дода шуда, умуман дарк карда наметавонанд, ки дар доми фиреб ва хидмати дигарон қарор гирифтаанд. Онҳо дарк намекунанд, ки гирифтори фиреби бузург гашта, дар натиҷа бо дасти худ ватани худро хароб, мардуми худро бадбахт ва  фарзандони мардуми худро хору залил менамоянд. Қудрати ин таблиғот то ҷое бузург аст, ки ҷавонони пайрави гурӯҳҳои ифротӣ гоҳо содалавҳона гумон мекунанд, ки машғули  ҷиҳод мебошанд ва дар ин роҳ шаҳид мешаванд. Магар ҷанг бар зидди мардуми мусалмон ҷиҳод аст, ё кушта шудан дар роҳи манфиатҳои қудратҳои бегона шаҳид шудан аст? Ҳаргиз не! Ин ҷавонони фиребхӯрда гумроҳону ҷавонмардоне мебошанд, ки мубориза ва марги онҳо назди Худо ва назди башар қадр ва арзише надорад.

        Нигоҳ доштани ҷавонони мо аз ин ҳаракатҳои муздуру ғайриисломӣ бисёр муҳим мебошад. Албатта ҳар шаҳрванди ватандор дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он хатар мубориза мебарад. Вале дар масъалаи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бояд гуфт, ки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст, зеро онҳо на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба зану фарзандони мо бевосита таҳдид мекунанд. Мубориза ба ин “вабои аср” натанҳо вазифаи давлат аст, балки вазифаи ҳар як қишри ҷомеа, вазифаи ҳар як шаҳру деҳа, вазифаи ҳар як оила ва вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад. 

          Ин офат мисли оташи фарогир ва ё сели харобиовар аст, ки агар бо талоши ҳамагонӣ пешашро нагирем, ҳамаи мо қурбони он хоҳем шуд. Аз ин рӯ, мубориза бо экстремизму терроризм ба манфиати шахсии ҳар яки мо мебошад. Хуласи калом ин аст, ки тамоми мардум дар ин мубориза муттаҳид шаванд ва наҷоти давлату миллат, балки наҷоти худ ва аҳлу оилаи худро таъмин намояд. Ҳамчуноне, ки дар даврони Ҷанги бузурги ватанӣ тамоми кишвар дар муқобили даҳшати сиёсии фашизм ба муборизаҳои фикрию молию ҷонӣ бархоста буд, имрӯз низ тамоми мардуми кишвари азизамон дар мубориза ба муқобили ин балои азими харобиовар муттаҳид гарданд, зеро мубориза ба ҳамин нерӯи сиёҳи зиддибашарӣ, зиддиисломӣ ва зиддимиллӣ худ ҷиҳоди бузург аст.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

мутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

25.02.2021

More
Fajr05:29
Zuhr12:40
Asr16:05
Maghrib18:20
Isha19:50
Speeches by the President
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More