Home Articles ШАРМУ ҲАЁ

ШАРМУ ҲАЁ

ШАРМУ ҲАЁ
2021-03-10
2135

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Ҳамду сано Парвардигореро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари росгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш бод.

Шарму ҳаё. Ин ду калима хеле маънои васеъро дар бар мегиранд. Агарчанде калимаи шарм дар луғатномаҳо бо ҳар забон тарҷума шудааст, аммо дар ҳеҷ луғат маънои мукаммали онро тавре, ки дар забони тоҷикист, дарёфт кардан мушкил аст. Ва дар ҷамъияти мо агар касе як кори ношоям мекунад, ўро беҳаё мегўянд ва ин ба ў хеле сахт мерасад. Зеро беҳаёӣ аз хислатҳои хеле бади инсонист. Ё мисол мегирем калимаи айбро. Ин калима низ агарчӣ ба забони русӣ ё забони англисӣ тарҷума шудааст, аммо он мафҳумеро дода наметавонад, ки дар забони тоҷикист. Ман фикр мекунам, ки шарму ҳаё ва айбу убол аз хислатҳои шарқиёнаи исломии миллати мост.

Ҳазрати Паёмбар (с) дар ҳадисе роҷеъ ба мақоми шарму ҳаё чунин фармудаанд:

«Шарму ҳаё аз имон аст».

Дар шарҳи ин ҳадис баъзе аз уламо бар ин ақидаанд, ки ҳар касеро ҳаё набошад, он касро имони комил нест. Дар яке аз ҳадисҳои Ҳазрати Паёмбар (с) омадааст, ки ин ҳадисро ҳазрат маҷмўаи гуфтори паёмбарони пешин номидаанд. Яъне, агар ҳамаи гуфтори анбиёи қаблиро дар як ҷумла ҷамъ кунем, ҳадиси зерин ҳосил мешавад:

«Изо лам тастаҳйи фаснаъ мо шиъта».

Яъне, «Ҳар вақте ки шарму ҳаё надорӣ, ҳар чиро хоҳӣ, бикун». Аз ин ҳадис маълум шуд, ки шарму ҳаё дар вуҷуди инсон мақоми хоссае дорад, ҳамзамон маънои онро дорад, ки агар дар инсон шарму ҳаё набошад, дар ў ҳеҷ хайру баракат вуҷуд надорад.

Агар кас ба ҷиноят ва ё кори ношоистае даст заданӣ бошад, шояд аз ҳукми ҷазо дар маҳбасу маҳкама андеша накунад. Аммо вақте пеши назари ў Аллоҳ ва аҳли маҳалла намудор мегарданд, ў аз оқибати кори худ сахт мутаассир мешавад ва аз роҳи бад мегардад.

Дар таъбири халқӣ чунин мегўянд, ки ў радди маърака аст. Он касеро радди маърака мегўянд, ки дар ҷамъият кори айбе ё беҳаёие содир карда бошад. Аксари мардуми мо аз ҳамин ба истилоҳ тамғаи радди маърака шудан сахт метарсанд. Дар ҳар сурат мардуми мусулмон дар замири худ ин ҳиссиётро дар таносуб ба дигар халқҳо хубтар эҳсос мекунанд.

Зану мард пеш аз ҳама бояд аз Худо шарм дорад. Ин хислат аз зумраи он хислатҳоест, ки ҳам зебандаи занон асту ҳам зебандаи мардон. Паёмбар (с) соҳиби хулқи азим ва шарму ҳаё буданд. Ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо ривоят мекунанд, ки ҳаёву шарми Паёмбар дар баъзе мавридҳо аз ҳаёи духтарони 14-сола пурзўртар буд. Ва аз таърих ба мо маълум аст, ки Ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) ниҳоят бо ҳилму ҳаё буданд. Мардону ҷавонписарони моро лозим аст, ки бо шарму ҳаё ороста бошанд. Мутаассифона, имрўз чунин ба назар мерасад, ки баъзе аз ҷавонон ба рў пўсти беҳаёӣ кашидаанд ва дар гуфтору рафтор аз ҳеҷ сухану амали қабеҳ ибо надоранд. Уламои шариат шарму ҳаёро пўсти имон номидаанд. Он тавре ки дарахт бе пўст мавҷудияти худро аз даст медиҳад, инсон ҳам агар ҳаё надошта бошад, монанди ҳамин дарахти бепўст аст.

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадиси саҳеҳи худ фармудаанд: «Имон ҳафтоду чанд шоха аст. Бузургтарин аз ҳамаи ин шохаҳо гуфтани калимаи тайиба «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадун Расулуллоҳ» аст ва хурдтарини ин шоха дур кардани озор (мисли санг ё хор) аз роҳ аст. Ва ҳаё аз имон аст».

Яъне, ҳазрати Паёмбар (с) аввалу охири ин шохаҳои дарахти имонро баён кардаанд, аммо ҳаёро бо таъкиди фаровон дар охири сухани худ баён кардаанд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳаё ва имон ду тарафи як чизанд. Мўъмин маълум аст, ки як нафар шахси ба имон аст ва онҷое, ки имон аст, ҳаё ҳам бояд бошад. Дигар чизе буда наметавонад.

 Гар ҳаё набвад, барафтад расми исмат аз миён,

 Гар ҷаҳоне дар миён аст аз тақозои ҳаёст.

Дар ҳадиси Расулуллоҳ (с), ки аз Абўҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят шудааст, гуфта мешавад:

«Ҷаннат ҳаром аст бар он шахсе, ки ў бе шарму ҳаё бошад».

Ин ҳадис моро ба он водор мекунад, ки бояд бо шарму ҳаё ва боибою андеша бошем. Мўъмин бояд аз суханони бемаънӣ поку беолоиш бошад. Ба хислати ҳаё чун ба як ҷузъи имон нигарад. Ҷаноби Расули акрам (с) дар дигар ҳадиси худ мефармоянд:

 «Аз беҳаёӣ барҳазар бошед. Ба таҳқиқ Худованд беҳаёиро ва беҳаёикунандаро бад мебинад».

 Масалан як нафар мегўяд, ки ман намозро дар хона мехонам. Аммо ба масҷид рафтан шарм медорам. Ё нафари дигар мегўяд, ки ман ба шумо саволе дорам. Аммо аз пурсидан шарм медорам, ин шарм нест, ин танҳо фикри инсон аст. Он тавре мегўянд:

Дар талаб кардани ҳақиқати кор,

Аз Худо шарм дору шарм мадор.

Вақте инсон ҳақиқатро донистанӣ бошад, мавриде пеш меояд, ки бояд шарм кунад, боз мавридест, ки бояд шарм накарда бипурсад. Бояд инсон дар корҳои бад шарм дорад. Баъзе касон ҳастанд, ки дар иҷрои кори хайр ҳам шарм дошта, оқибат ин корро амалӣ намекунанд ва аз савоб бебаҳра мемонанд. Яке аз бузургони дини Ислом Муҳаммади Ғаззолӣ дар китоби машҳури худ «Эҳё-ул-улум», дар ҷилди сеюм як бобро махсус ба шарму ҳаё бахшидаанд. Дар ҳамин ҷо ин ҳадиси Расулуллоҳ (с) оварда шудааст:

«Ҳақорат кардани мусулмон фисқ аст, яъне гуноҳ аст ва куштани ў куфр аст».

Шайтон ба қавли Паёмбар (с) дар тамоми рагу пайванди инсон ба маҷрои хуни ў ҷорист ва ҳамеша инсонро васваса мекунад, ки бемаънӣ бошад ва бешарму ҳаё бошад. Мўъмини комил ҳамонест, ки ба шайтон фармонбардорӣ накунад ва аз бандагони хоси Худо бошад.

Ҳазрати Паёмбар (с) дар як ҳадиси дигар мегўянд:

«Ҳаё бо тамоми ҷузъиёташ хуб аст».

Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳам ҳаё хуб аст, ҳам шарм доштан, ҳам шарм надорондани як кас, ҳам забонро аз суханони бемаънӣ боздоштан, ҳам ибову андешаро риоя намудан ва амсоли ин.

Худованд ба ҳамаи мо шарму ҳаё ва одоби шарқиёна насиб гардонад.

Pray time in Dushanbe

27.04.2024

More
Fajr03:53
Zuhr12:40
Asr17:25
Maghrib19:24
Isha20:55
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More