Home Articles ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ
2022-11-16
270

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худовандро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду бепоён ба хотами пайғамбарон - ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод!

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бунёди давлати ҷавону тозабунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол басо бузург аст. 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз, ки сарнавишти миллат ҳаллу фасл мешуд, вакилон якдилона ҷавони боғайрату ватандӯст ва сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин рўйдоди бузурги таърихӣ барои аз вартаи парокандашавӣ наҷот ёфтани давлату миллат, дар бунёди давлати нави тоҷикон  ва мақому манзалати бузург пайдо кардани он нақши бузург бозидааст.   

          Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ содиқ будани худро ба ин давлату миллат нишон дода, масъалаи баргардонидани гурезаҳоро аз ҳама муҳимтар арзёбӣ намуд. Пешвои миллат дар роҳи сулҳ  ва таъмини амнияту якпорчагии кишвар, ба ҳам овардани мардум, тамомияти марзӣ саҳми арзанда гузошт. Сарвари оқил ва миллатдӯсту ватанпарвар аз рӯи ҳикмати бузургон амал карда, кинаю хусуматро аз дилҳо берун карда, барои сулҳу созишу ҳамдигарфаҳмӣ  роҳи васеъ кушод. Дар як муддати кӯтоҳ ҷангро хотима бахшидан яке аз ташаббус ва хизматҳои шоёну арзандаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Таҷрибаи таърихӣ собит намуд, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи тақдирсоз боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлати миллиамон гардид. Пешвои миллат тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулгароӣ, башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит намояд. Дар ин росто бояд зикр намоем, ки дар баробари пешрафти иќтисодиву иљтимої, беҳтар шудани вазъи зиндагонии мардум, фазои маънавии мардуми кишварамон низ ѓанї гардид. Бахусус фазои андешаи динии кишвар рў ба беҳбудї оварда, диндорон дар анљоми маросими динї озод мебошанд.

Таърих гувоҳ аст, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамзабонони бурунмарзї пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки нисбат ба Пешвои миллат иброз мегардад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 153 кишвари дунё шинохта шуда, узви беш аз 40 созмони бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва ҳамоишҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё ва ҳайъатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ ба Тоҷикистон аз эътибори баланд ва мавқеи рӯзафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ башорат медиҳад.

         Солҳо мегузаранд, аммо аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи мо доим боқӣ хоҳад монд.

Pray time in Dushanbe

31.01.2023

More
Fajr05:55
Zuhr12:40
Asr15:51
Maghrib17:53
Isha19:23
Speeches by the President
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More

A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: Unknown: open(/var/www/shuroiulamo.tj/data/mod-tmp/sess_tg2e1gos0qn7vbl6j8j23mivh3, O_RDWR) failed: Disk quota exceeded (122)

Filename: Unknown

Line Number: 0

A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: Unknown: Failed to write session data (files). Please verify that the current setting of session.save_path is correct (/var/www/shuroiulamo.tj/data/mod-tmp)

Filename: Unknown

Line Number: 0