Home Articles РОҲИ НАҶОТ- ДАСТГИРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОШЕМ!

РОҲИ НАҶОТ- ДАСТГИРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОШЕМ!

РОҲИ НАҶОТ- ДАСТГИРИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОШЕМ!
2017-11-25
3268

            Тоҷикистониён имрӯз дар фазои оромӣ, тинҷӣ, ва осудагӣ хушбахтона ҳаёт ба сар мебаранд, ки  ин ҳама аз заҳмату меҳнати содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми кишвар аст. Аммо ҷаҳони муосир, ки дар худ зуҳуроту падидаҳои мухталифи мусбату манфиро дорост, ҳарчи бештар аз ҳамаи мо зиракию ҳушёрии сиёсиро тақозо мекунад. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ, ки яке аз рукнҳои муҳими он ба ҳам омадани тамаддун ва фарҳангҳост, метавонад фарҳанги миллии моро ба таври манфӣ махлут созад.

Моҳи январи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон то рафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва тезутунд шудани вазъи сиёсии ҷаҳонро таъкид дошта буданд.

Мо набояд фаромӯш намоем, ки дар гузаштаи начандон дур хавфу хатари кирдорҳои манфури ташкилотҳои экстримистӣ ва терористӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИТ, ки солҳои 1990-ум боиси дар Тоҷикистон сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид, бародар-бародарашро ба қатл расонид.

Паёмбар (с) дар яке аз ҳадисҳои муборакашон мегӯянд.

            Ло зарара ва ло зирора фил ислом. Яъне дар ислом зарар расонидан, зарар дидан ҷой надорад. ҳадафи асосии ин ташкилотҳои нопоки дар боло зикршуда ин аст, ки хусусан дар Осиёи Миёна давлати ба ном исломӣ ё «Халифат» бунёд намоянд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 90%-и шаҳрвандон аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ менамоянд. Мо ин мазҳаби худро дӯст медорем ва онро пайравӣ мекунем ва тибқи он амал менамоем. Бо ташаббуси бевоситаи  Президенти кишвар қурони Маҷид дар чаҳор марҳила аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардида буд ва ба таври ройгон ба аҳли зиё ва мардуми шарифи Тоҷикистон тақдим гардид, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон аз ин иқдоми неки Пешвои миллат баҳравар шуда, дар ҳаққи Пешвои миллат дуои нек мекунанд ва дар чаҳорчӯби сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат умр ба сар мебаранд.

Ҳар як фарди ҷомеа, новобаста аз самти фаъолият бояд ҳамарӯза ба худ суол кунад, ки имрӯз дар роҳи рушду пешрафти давлату миллати худ чӣ кореро анҷом додааст. Ба қавли машҳури устод Лоҳутӣ:

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

Имрӯз чӣ хидмате ба мардум карӣ.

Ходимони динро дар чунин марҳалае, ки буҳронҳои сиёсӣ оламро фаро гирифта, баъзан давлатҳои пешрафтаро ба харобазор мубаддал месозад, зарур аст, ки ҳамеша бо дарназардошти манофеи миллӣ ҷомеаро ба роҳи рушду созандагӣ раҳнамун созанд. Аз ҷумла, дар роҳи мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, роҳ ёфтани фарҳанги бегона ба ҷомеаи мо, кирдорҳои ваҳшиёнаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ, махсусан ТЭТ ҲНИТ пешгом ва собитқадам бошанд, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор диҳанд. Зеро таърихи навини Тоҷикистон собит намудааст, ки ин сиёсат сиёсати наҷотдиҳандаи давлату миллат аз вартаи нобудӣ ва сиёсати созандаи ба манфиати миллату давлат мебошад!

Имомхатиби масҷиди ҷомеъи «Мансурбой»

ҷамоати Унҷии ноҳияи Б. Ғафуров   

 Абдуваҳобов Абдуазиз.

Pray time in Dushanbe

26.04.2024

More
Fajr03:55
Zuhr12:40
Asr17:24
Maghrib19:23
Isha20:54
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More