Home Articles «ИТТИҲОДИ НАҲЗАТИҲО БАР ЗИДДИ ТОҶИКИСТОН РАВОНА ШУДААСТ». Чунин омадааст дар изҳороти Анҷумани тоҷикон дар Туркия, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид

«ИТТИҲОДИ НАҲЗАТИҲО БАР ЗИДДИ ТОҶИКИСТОН РАВОНА ШУДААСТ». Чунин омадааст дар изҳороти Анҷумани тоҷикон дар Туркия, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид

«ИТТИҲОДИ НАҲЗАТИҲО БАР ЗИДДИ ТОҶИКИСТОН РАВОНА ШУДААСТ». Чунин омадааст дар изҳороти Анҷумани тоҷикон дар Туркия, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид
2018-07-19
2434

ДУШАНБЕ, 13.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар воситаҳои ахбори омма хабарҳои ҳангомабарангез оид ба баргузор гардидани ҷамъомади наҳзатиҳои ифротӣ дар Дортмунд паҳн гардид. Роҳбари фирории ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар Германия бо баҳонаи таҷлили 21-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ном Анҷуман ташкил карда, дар асл зимни ин ҳамоиш созмони нави худ – Эътилофи неруҳои мухолифи Тоҷикистонро таъсис ва эълон карданӣ ҳастанд. Онҳо кӯшиш доранд, ки бо роҳи найрангу фиреб  муҳоҷирони тоҷикистонӣ ва хусусан намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Албатта, ин амали наҳзатиҳо бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори хориҷӣ сурат мегирад. Дар ин бора дар изҳороти Анҷумани тоҷикон дар  Туркия хабар дода шудааст, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид.

Бино ба иттилои ин Анҷуман, наҳзатиҳо кӯшиш доранд, ки созмонҳои дигари ифротӣ, мисли «Гурўҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик», ҳамчунин ташкилоти  Ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро низ ба ҳайати иттиҳодашон шомил созанд. Вале чунин нахоҳад шуд, зеро ҳар кадоми ин созмонҳои ифротӣ, ки мақсадҳои ғаразнок доранду ҷоҳталабу худхоҳанд, мутеъ ва дастнигари наҳзатиҳо будан намехоҳанд.

«Ин дафъа ягон муҳоҷири тоҷик ва умуман ягон одами солимақл ба наҳзатиҳо бовар нахоҳад кард ва ба иттиҳоди зиддимиллию ифротии онҳо, ки вобастаи неруҳои бадхоҳи хориҷист ва танҳо ба харобкорию сӯзандагӣ қодир мебошад, ҳамроҳ нахоҳад шуд.

Дар шароите, ки Тоҷикистони азиз ободу озод аст ва бемайлон рушд мекунад, мо бояд дар атрофи Роҳбари давлатамон муттаҳид бошему Ватанамонро боз ҳам ободтару зеботар намоем.

Мутмаин ҳастем, ки тамоми ҳамватанони мо, аз ҷумла, тоҷикистониҳои муқими Туркия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ кӯшиши ғаразноку  бадхоҳонаи наҳзатиҳоро, ки иттиҳоди зидди Тоҷикистон таъсис доданианд, маҳкум мекунанд!» — омадааст дар изҳороти анҷумани тоҷикон дар Туркия.

Бознашр аз сомонаи Ховар

Pray time in Dushanbe

27.04.2024

More
Fajr03:53
Zuhr12:40
Asr17:25
Maghrib19:24
Isha20:55
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More