Home Questions and answers Family Question № 01565

Question № 01565

Модарам ба ман духтареро барои барпо кардани оила тавсия доданд ва ба ман хуш омад. Мехоҳам ба ин духтар китобе ҳадя кунам, ки доир ба зиндагӣ ва ҳаёти Паёмбар (с) ва бузургон бошад, то ки дар ин бора огоҳӣ пайдо кунад.

Question:

Ассалому алайкум муҳтарам домулло. Модарам ба ман духтареро барои барпо кардани оила тавсия доданд ва ба ман хуш омад. Мехоҳам ба ин духтар китобе ҳадя кунам, ки доир ба зиндагӣ ва ҳаёти Паёмбар (с) ва бузургон бошад, то ки дар ин бора огоҳӣ пайдо кунад. Мехостам китоберо дар ин маврид тавсия медодед, фарқе надорад, ки ба забони тоҷикӣ бошад ё русӣ. Бароям дуо кунед.

Саволдиҳанда: Илҳомҷон

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо нияти хайр кардаед, Худованд шуморо ба ҳама нияту орзуҳоятон расонад. Дар мавзӯи ҳаёти бузургон китобҳо бешумор аст, шумо метавонед барои дастрас намудани китоби хостаатон ба дуконҳои китобфурӯшии назди Маркази исломӣ муроҷиат намоед. 

2017-12-16
3693
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.04.2024

More
Fajr03:55
Zuhr12:40
Asr17:24
Maghrib19:23
Isha20:54