Home Questions and answers Namaz Question № 01567

Question № 01567

ар намози ҷамоат ҳангоми ба рукӯъ ва суҷуд рафтан имом “Аллоҳу Акбар” мегӯяд, оё муқтадиён ҳам “Аллоҳу Акбар” ва “Самиъаллоҳ...” мегӯянд?...

Question:

Ассалому алайкум домуллои азиз. 1. Дар намози ҷамоат ҳангоми ба рукӯъ ва суҷуд рафтан имом “Аллоҳу Акбар” мегӯяд, оё муқтадиён ҳам “Аллоҳу Акбар” ва “Самиъаллоҳ...” мегӯянд? 2. Дар ташаҳҳуд баъзе нафарон ангушти саббобаро мебардоранд, оё ин дуруст аст? 3. Ҳукми тамошои филмҳои шаҳвонӣ чист? Бисёре аз дӯстонам чунин филмҳоро тамошо мекунанд. Ба онҳо чӣ гӯям?

Саволдиҳанда: Саидҷон

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар намози ҷамоат муқтадӣ ба имом итоат мекунад, такбиротро гуфта, пас аз “Самиаллоҳу лиман ҳамидаҳ” гуфтани имом фақат “Раббано лакал-ҳамд” мегӯяд. 2. Аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ишора кардан бо ангушт дар вақти хондани “Аттаҳийёт” амали хуб аст ва маҷбурӣ нест, вале ин амал набояд сабаби фитна шавад. 3. Тамошои ҳар гуна филмҳои ғайри ахлоқӣ аз нигоҳи шариат мамнуъ буда, анҷомдиҳандаи он гунаҳгор аст, зеро бадахлоқӣ моли мусулмон нест.

2017-12-16
3459
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25