Question № 01670

Дар номи “Аллоҳ”, ки исми зоти Худованд аст, ҳарфи “лом” ташдид дорад, вале калимаҳои “Илоҳ”, “Илоҳӣ” ва “Илоҳо” ташдид надоранд. Пас лафзи “Аллоҳ” аз “Илоҳ” чӣ фарқ дорад?

Question:

Ассалому алайкум. 1. Дар номи “Аллоҳ”, ки исми зоти Худованд аст, ҳарфи “лом” ташдид дорад, вале калимаҳои “Илоҳ”, “Илоҳӣ” ва “Илоҳо” ташдид надоранд. Пас лафзи “Аллоҳ” аз “Илоҳ” чӣ фарқ дорад? 2. Оё савоби зикру тасбеҳот, оёти қироатшуда ва намозҳои нафлро ба зиндагон, масалан ба волидон низ бахшидан  ва номашонро гирифтан мумкин аст?

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, ҳамон гуна ки баён кардед, номи “Аллоҳ” - الله  исми зоти Худованд аст ва уламо дар асли ин лафз ихтилофи назар доранд. Гурўҳе мегўянд, ки ин ном дар асл “Илоҳун” - إلَهٌ буда, пас аз дохил кардани артикли “ал” ба он“Ал-Илоҳу” -الإلَهُ  шудааст, сипас ҳамза (ҳарфи “И”)-ро аз калимаи “Илоҳ” гирифта, “лом”-и “ал”-ро дар “лом”-и “лоҳ” идғом карданд, ба лафзи “Аллоҳ” мубаддал шудааст. Лафзи “Аллоҳ” исми маъбуди барҳақ аст, вале лафзи “илоҳ” дар асл ба маънои маъбуд аст, ки ба маъбудони ботил низ итлоқ мешавад, чунончи дар бисёр оятҳои Қуръони карим ба ҳамин маъно истеъмол шудааст. Масалан дар ин оят: Ва ба ҷуз Худо ҳеҷ маъбуде нест”. (Сураи “Оли Имрон”, ояти 62) Вале ғолибан ба маънои маъбуди барҳақ истеъмол мешавад. Чунончи дар ин оят: Ва Маъбуди шумо Худои Ягона аст, ба ҷуз Вай, [ки] Бахшояндаи Меҳрубон аст, ҳеҷ маъбуде нест”. (Сураи “Бақара”, ояти 163)  Дар ин оят Маъбуди аввал маъбуди барҳақ ва маъбуди дуюм маъбуди ботил аст. 2. Расонидани савоби оятҳои тиловатшуда ва зикру тасбеҳоту намозҳои нофила ба зиндагон бо зикри номҳояшон, аз ҷумла ба волидон, дуруст аст ва ҳеҷ ишколе надорад.

2018-03-02
2950
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.04.2024

More
Fajr03:55
Zuhr12:40
Asr17:24
Maghrib19:23
Isha20:54