Home Questions and answers Zakot Question № 01773

Question № 01773

Миқдори закот ба ҳисоби доллар чӣ қадар аст? Агар аз 22950 сомонӣ бештар дошта бошад, чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?

Question:

Ассалому алайкум. Миқдори закот ба ҳисоби доллар чӣ қадар аст? Агар аз 22950 сомонӣ бештар дошта бошад, чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?

Саволдиҳанда: Исомиддин

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи қарори Шӯрои уламо аз 14. 05. 2018 нисоби закот мувофиқи ҳисоби шаръӣ 20400 сомонӣ  муқаррар карда шудааст, ки аз ин миқдор 510 сомонӣ закот дода мешавад. Дар сурати аз ин миқдор бештар будани маблағ маҷмӯи онро ба адади 40 тақсим бояд кард ва ҳосили онро ҳамчун закот бояд пардохт намуд. Масалан агар шумо 26200 сомонӣ дошта бошед ва аз замони молики ин маблағ шуданатон як соли қамарӣ гузашта бошад, миқдори мазкурро ба адади 40 тақсим намуда, ҳосили тақсимро, ки 655 сомониро ташкил медиҳад, ҳамчун закот мепардозед. Ё ки аз ҳар ҳазор сомоние, ки ба асли нисоб илова мешавад, 25 сомонӣ закот медиҳед.

2018-05-24
3773
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.04.2024

More
Fajr03:53
Zuhr12:40
Asr17:25
Maghrib19:24
Isha20:55