Home Member of Counsil of Ulemas of Islamic centre Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода
Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода

Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода – узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода соли 1967 дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар оилаи аҳли илм ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна муддати чанд сол дар муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намудааст. Соли 1993 ба Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ дохил шуда, соли 1997 онро бо муваффақият хатм мекунад. Баъди хатми донишгоҳ соли 1998 ба ҳайси имомхатиб ба фаъолият шуруъ мекунад. Пас аз муддате ба ҳайси сархатиби масҷиди ноҳия фаъолияташро идома медиҳад. Соли 2010 ба бахши ғоибонаи факултаи “Улуми исломӣ”-и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа дохил шуда, соли 2014 онро ба итмом мерасонад.

Мавсуф дар аксари чорабиниҳои илмию динӣ мунтазам иштирок намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва маърифати динии мардум саъйу талош меварзад. Дар баробари ин, борҳо тариқи телевизиони Хатлон баромад намуда, дар мавзӯъҳои гуногуни динию ахлоқӣ мусоҳибаҳои судманд анҷом додааст.

Дар давраи фаъолияти кории Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода дар ноҳияи Вахш масҷиди дуошёнаи бисёр зебо ва бошукӯҳ сохта шуд, ки дар ҳудуди вилоят беназир буда, номбурда дар бунёди он саҳми шоиста дорад.

Забонҳои русӣ ва арабиро медонад. Оиладор ва соҳиби ҳафт фарзанд аст.

Others

Саидмукаррам  Абдуқодирзода
Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳусайн Мўсозода
Ҳусайн Мўсозода

Муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулбасир Саидзода
Абдулбасир Саидзода

Муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Хомӯшов
Ҷамолиддин Хомӯшов

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

25.04.2024

More
Fajr03:57
Zuhr12:40
Asr17:23
Maghrib19:22
Isha20:53
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More