Home Mosques Масҷиди ҷомеи марказии н.Шоҳмансури ш.Душанбе ба номи Имоми Аъзам

Масҷиди ҷомеи марказии н.Шоҳмансури ш.Душанбе ба номи Имоми Аъзам

Map to mosque

ш. Душанбе, кӯч.Айни 46,
Телефон :+(992) 937038118

Масҷиди Шоҳмансур, ки алҳол ҳамчун масҷиди марказии ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Шоҳмансур фаъолият дорад, яке аз масҷидҳои қадимтарини шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Ин масҷид пеш аз замони шӯравӣ вуҷуд дошта, то замонҳои баъд бо номи масҷиди Одинафано машҳур будааст. Дар аввалҳои ҳукумати шӯравӣ ин масҷид аз фаъолият бозмемонад. Вале баъдтар, тахминан дар солҳои 1943-1944 бо кӯшиши бархе аз сокинони ҳамин деҳа ва бо кӯмаку дастгирии яке аз раисони ҳамонвақтаи ноҳия дубора ба фаъолият шуруъ мекунад.

Баъди бино шудани масҷид Қорӣ Шодӣ ном шахс аввалин хатиби масҷид таъйин мегардад. Баъдан тақрибан дар солҳои 1946-47 Қозӣ Абдуррашид, ки яке аз устодони уламои Тоҷикистон ба шумор меравад, дар ҳамин масҷид ба ҳайси имомхатиб таъйин мешавад. Дар соли 1956 масҷид бори дигар бо кӯшиши Қозӣ Абдуррашид куллан таъмиру тармим карда мешавад.

Баъдан домулло Ҳикматуллоҳ, ки аз мардуми Фарғона буд, имомхатиби масҷиди Шоҳмансур таъйин мегардад ва муддати 20 сол хатибӣ мекунад. Соли 1970 дар давраи хатибии домулло Ҳикматуллоҳ масҷид бори сеюм тармим шуда, бо санъати кандакорӣ хеле зебо мегардад.

Баъдан домулло Шербобо имомхатиби масҷид таъйин мегардад. Дар муддати хатибии домулло Шербобо баъзе тағйироту дигаргуниҳо дар бинои масҷид ворид гардида, таҳоратхонаҳо ба шакли замонавӣ сохта мешаванд.

Соли 1997, ки дар кишвар бесарусомониҳо ҳукмфармо буд, ба сабабҳои номаълум масҷид оташ мегирад. Аз сабаби он ки масҷид сар то сар аз чӯб сохта шуда буд, дар муддати 20 дақиқа тамоми масҷидро оташ фаро мегирад ва дар фосилаи байни намози асру шом аз масҷид нишоне боқӣ намемонад.

Хушбахтона, бо кӯмаку дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва мардони саховатманди кишвар бинои масҷид аз нав бунёд ва бо суръат идома ёфта, дар давраи имомхатибии Саидов Абдулбасир сохтмони он пурра ба итмом мерасад. Аз се тарафи масҷид айвонҳо сохта мешавад, ки ҳамчун масҷид аз ду ошёна иборатанд. Ошёнаи аввал дорои ду ҳуҷра ва як толори васеъ, ошёнаи дуюм дорои се ҳуҷра ва як толор мебошад.

Масҷид ба шакли замонавӣ бино ёфта, даруни он гаҷкорӣ шудааст ва бо нақшу нигор оро ёфтааст. Дар дохили гунбаз бо хатти настаълиқи зебо «Оятул-Курсӣ» навишта шудааст. Намуди берунии масҷид аз ду гунбаз иборат аст, ки яке дар болои масҷид ва дигаре дар болои дарвоза қарор дорад.  Хамчунин як манора, ки 21 метр баландӣ дорад, ба масҷид зебу зинат бахшидааст.

Масҷид то соли 2010 ҳамчун масҷиди ҷомеи ба номи Шоҳамнсур фаъолият мекард. Аз соли 2010 ҳамчун масҷиди марказии ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Шоҳмансур ба расмият даромада, то имрӯз фаъолият карда истодааст.

More mosques

Масҷиди ҷомеи ба номи Усмон ибни Аффон (р) ноҳияи И. Сомонӣ
Contact information

ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, маҳаллаи Нодира 52,
кӯч Хоҷамбиёи боло, тел: +992 904 56 66 67

Масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолуддини Румии ноҳияи Шоҳмансур
Contact information

ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч 
“Бӯстон-3”.Тел:+(992) 919219176

Масҷиди ҷомеи ба номи ҳазрати Усмон (р)-и ноҳияи Рӯдакӣ
Contact information

н. Рӯдакӣ, ҷ/д “Зайнабобод”, 
деҳаи Тоҷикобод.Тел :+(992) 919438373

Масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Фирдавсӣ
Contact information

Суроғаи масҷид: ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ,
кӯч Фирдавсӣ 13/10.Тел :+(992) 918704850