Масҷиди ҷомеи марказии н,Фирдавсии ш. Душанбе ба номи Мавлавӣ Муҳаммадҷон
Map to mosque
ш. Душанбе,н Фирдавсӣ
кӯч.Панфилов, Тел :+(992)918629819
Таъсиси масҷиди ҷомеи марказии ба номи Мавлавӣ Муҳаммадҷон ба солҳои 1946 рост меояд. Масҷиди мазкур бори аввал ҳамчун масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шуда, аз соли 1946 то соли 1951 фаъолият намудааст. Баъдан як муддат ҳамчун хонаи истиқоматӣ қарор дода мешавад. Пас аз он иморати масҷид аз байн бурда шуда, ба ҷойи он дармонгоҳи № 3 сохта мешавад ва аз бинои масҷид танҳо як хона боқӣ мемонад.
Мувофиқи маълумотномаҳои бойгонӣ масҷиди маҳаллаи Алочабофон дар соли 1946 ҳамчун ҷойи эҳтиёҷоти динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ягон ҳуҷҷат барои барҳам додани он вуҷуд надорад. Минбаъд бо қарори Кумитаи иҷроияи ноҳияи Марказӣ (ҳозира ноҳияи Фирдавсӣ) таҳти № 218 аз 10 марти соли 1989 барои сохтани масҷид ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти динӣ дар маҳаллаи Алочабофон иҷозат дода мешавад. Мувофиқи ин қарор масҷиди ҷомеъ аз ҳисоби маблағи намозгузорони маҳалла бо тариқи ҳашар сохта ба истифода дода мешавад. Масҷиди мазкур баъди аз нав сохта шуданаш 10 апрели соли 1998 дар Кумитаи оид ба корҳои дин ва танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масҷиди ҷомеи ба номи Абӯбакри Сиддиқ ба қайд гирифта мешавад.
Баъдан бо қарори маҷлиси муассисон аз 18 феврали соли 2010 масҷиди мазкур ҳамчун масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Фирдавсӣ ба номи Мавлавӣ Муҳаммадҷон ба қайд гирифта мешавад.
More mosques
ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, маҳаллаи Нодира 52,
кӯч Хоҷамбиёи боло, тел: +992 904 56 66 67
ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч
“Бӯстон-3”.Тел:+(992) 919219176
Суроғаи масҷид: ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ,
кӯч Фирдавсӣ 13/10.Тел :+(992) 918704850
Суроға: н. Ҳисор, ҷ/д Мирзо
Ризо,деҳаи Тӯда, тел: +(992) 918 86 95 15