الصفحة الرئيسية المقالات Имон ба инсон оромишу осоиш ва хушбахтӣ мебахшад

Имон ба инсон оромишу осоиш ва хушбахтӣ мебахшад

Имон ба инсон оромишу осоиш ва хушбахтӣ мебахшад
2020-04-03
2380

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Имон ва эътиқод дар зиндагии инсони мусулмон нақши басо бузург ва муҳим дорад ва саодати ў дар дунё ва охират ба ин арзиши маънавӣ вобаста аст. Маънои луғавии «имон» «бовар намудан ба чизест». Маънои истилоҳияш «имон ба забон иқрор намудан ва ба дил тасдиқу бовар кардан аст, ки Аллоҳ таъоло Якка ва Ягона ва Муҳаммади Мустафо (с) Паёмбари барҳақ аст».

Инсон ин мавҷудест иборат аз тану ҷон. Тан ба ризқу рўзӣ ва ҷон бошад, ба ғизои рўҳӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ҳама муҳимтарин ғизо барои рўҳ ин имон ва эътиқоди дуруст ва ҳаққонӣ мебошад. Шахси ба Аллоҳ таъоло имоноварда ва таваккулкунанда аз Ў ғизо ва қуввати рўҳӣ мегирад. Дарки ин чиз муҳим ҳаст, ки калиди оромию осоиш ва эътимод имон ба ҳастӣ ва ягонагии Аллоҳ таъоло ба ҳисоб меравад. Аллоҳ таъоло дар Қуръони карим фармудааст: «Огоҳ бошед, ки дилҳо бо ёди Худо ором мегиранд». (Сураи «Раъд», ояти 28)

Имон инсонро аз танҳоӣ ва сабуксарӣ наҷот мебахшад. Имон назари рўҳ ва нури дили мо мебошад. Дар ҳаёт инсон ба мушкилоти зиёде дучор мегардад, вале дар чунин лахзаҳо одамони дар дил ба Аллоҳ таъоло имоноварда ба ноумедӣ намеафтанд. Онҳо ба Офаринандаи тавоно ба василаи муҳаббат ва таъзиму итоат беандоза наздик шуда, ҳамаи мушкилотро паси сар намуда, билохира хушбахт мегарданд. Аммо одамоне, ки дар онҳо нури имон нест, ба ноумедӣ афтода ҳамеша дар ҳолати изтироб ва биму таҳлука умр ба сар мебаранд. Ба хотири наҷоти худ ва баромадан аз ин вазъияти сангину мушкил онҳо оромию осоишро дар истеъмоли маводи мухаддир, шароб ва дигар васоили зараррасон мебинанд. Ба ҳамин минвол онҳо хушбахтиро ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират аз даст медиҳанд.

Бояд донист, ки Аллоҳ таъоло дар азал қабл аз офариниши осмонҳо ва замин ирода карда, ки дар замони муайян осмонҳо ва замин ва он чӣ дар онҳо ба вуҷуд меояд, биофарад ва ҳар кадом махлуқотро ба як ҳадду андоза ва сифате халқ кунад. Сипас Аллоҳ таъоло Лавҳ ва Қаламро халқ кард ва ба Қалам амр кард, ки дар Лавҳ бинавис. Қалам гуфт: Ё Раб, чӣ чизеро бинависам? Аллоҳ таъоло фармуд: Ончиро, ки дар дунё аз аввал то ба охир хоҳад шуд, бинавис. Пас, Қалам дар Лавҳи маҳфуз ончиро навишт, ки буда ва то рўзи қиёмат хоҳад шуд, ба ҳамон тақдир ва андозае, ки Аллоҳ таъоло барои ҳар махлуқе дар азал андоза кардааст. Аз ин хотир имон доштан ба тақдир яке аз фаризаҳои динӣ ва як рукни асосии имон ба шумор меравад. Инсон бояд имони қавӣ дошта бошад, ки ҳама чиз ба тақдири Худованд аст, вале ин маънои маҷбур будани инсонро надорад, зеро Худованд ба ӯ ирода ва ихтиёр додааст, ки дар интихоби амали нек ё бад озод мебошад. Бинобар ин, агар инсон бо ирода ва ихтиёри худ яке аз ин ду амалро интихоб кунад, натиҷаи онро хоҳад дид. Ин ду ҳолат ҳам иродаи Худост, бе ирода ва хости Ӯ ҳеҷ коре карда намешавад. Инсон касбкунандаи корҳои худ ва Худованд офаринандаи он аст. Такрор мекунем, ки ба инсон ихтиёри ҷузъӣ дода шудааст ва ў дар интихоби амали бад ё нек озод аст. Инсон масъули тамоми амалҳояш мебошад, аз ин сабаб, рӯзи қиёмат аз ӯ пурсида мешавад, ки умри хешро дар кадом роҳ сарф кардааст.

Ҳомидов Абдулвоҳид

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر