الصفحة الرئيسية المقالات Ҳифзи муҳити зист вазифаи ҷонӣ буда, ҳар шахс аз он масъул аст

Ҳифзи муҳити зист вазифаи ҷонӣ буда, ҳар шахс аз он масъул аст

Ҳифзи муҳити зист вазифаи ҷонӣ буда, ҳар шахс аз он масъул аст
2026-06-17
30

    Ҳифзи муҳити зист вазифаи ҷонӣ буда, ҳар шахс аз он масъул аст 

         Қазия мусаллам аст, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон беш аз 99% мусалмон мебошем, аммо таассуф он аст, ки ҳамаи мо аз таълимоти дини мубини Ислом огоҳӣ надорем. Яке аз таълимоти ислом аҳаммият додан ба муҳити зист ва тозаву беолоиш нигаҳ доштани он аст.  Чунонки Паёмбар (с) фармуданд: “Атрофи хонаҳо ва маҳалҳои худро пок созед, зеро яҳуд атрофи хона ва маҳалҳои худро пок намесозанд”. (Имом Тирмизӣ)

         Аз тарафи дигар кишвари маҳбуби мо - Тоҷикистон як сарзамини  ҷаннатосоест, ки дорои табиати зебо, боду ҳавои форам, манзараҳои нотакрор, чашмаҳои шифобахш, ҳайвоноти нодир ва растаниҳои дармонӣ мебошад. Пас, агар мо шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунем ва дар ҳашарҳои умумӣ фаолона иштирок намоем, рӯз ба рӯз меҳани мо зебо ва обод мегардад.

         Мутаассифона, дар тули таърих мардуми маҳаллии кишвари мо намудҳои гуногуни дарахту буттаву растаниву набототро ҳамчун маводи сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ истифода мебурданд. Дар аксар мамнуъгоҳҳо  шикори ҷонвару ҳайвонҳои нодир ба назар мерасид. 

          Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси олӣ соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд.

         Ҳадаф аз ин эъломи Сарвари давлат, баланд бардоштани маърифати экалогии сокинони кишвар, тозаву озода ва ободу беолоиш нигоҳ доштани муҳити зист ва дар сатҳи олӣ ҷашн гирифтани 35-солагии  истиқлоли давлатӣ мебошад.

         Офаринши олами табиат яке аз нишонаҳои боризи қудрату тавоноии илоҳӣ буда, инсон тавассути он Худованд-ро мешиносад. Чунонки Худованд фармудааст: “Ба дурустӣ, ки дар офариниши осмонҳову замин ва омадурафти шабу рӯз нишонаҳоест барои соҳибхирадон”. (СураиОли Имрон”, ояти 190-191)

                         Барги дарахтони сабз аз назари ҳушёр

                        Ҳар варақаш дафтарест маърифати Кирдгор

        Худованд (а), агарчӣ олами табиъиро дар ихтиёри инсон қарор дода аст, аммо инсонро ҳамчун халифаи Ӯ дар рӯи замин барои обод намудани муҳити зист таъйин кардааст. Яъне, олами табиъӣ амонати илоҳӣ буда, ҳифзи он то рӯзи Қиёмат хос бар дӯши инсон вогузор шудаааст. Чунонки Худованд фармудааст: “Ба ростӣ, мо амонатро бар осмонҳову замину кӯҳҳо арз кардем, пас қабул накарданд, ки онро бардоранд ва аз он тарсиданд ва одамиӣ онро бардошт, дар ҳақиқат ӯ ситамгори нодон аст”. (СураиАҳзоб”, ояти 72)

        Инсон дар рӯи замин барои эҳтиёҷоти худ иҷоза дорад, ки иншоот (хона, корхона, мактаб) ва васоил (мошин, қатора, ҳавопаймо) бунёд кунаду созад, аммо ин пешравиҳои саноативу техналогӣ набояд садди роҳи рӯз ба рӯз зебо гардидани олами табии гардад. Яъне, ба хотири кайк набояд пустин оташ зада шавад. Бинобар ин, инсон аз ин мақоми худ сӯистифода набарад ва мувозанати олами табииро вайрон накунад, зеро ҳар амалеро подош дар пай аст. Чунонки Худованд  фармудааст: “Ва аз мусибатҳо ҳар чи ба шумо бирасад, пас ба сабаби  гуноҳе аст, дастҳоятон ба амал овардааст. Ва ӯ аз бисёре дармегузарад”. (СураиШӯро”, ояти 30)

          Мутассифона, дар асри 21, ки онро асри техника меноманд, рушди истеҳсолот муҳити зистро тағйир дода, таъсири манфӣ мерасонад.

         Аз ин гузашта, коршиносони соҳаи геогрфия, экалогия ва геодезия таҳлил намудаанд, ки зиёд шудани ҳодисаву офатҳои  табиӣ, аз ҷумла обхезиҳо, туфонҳои шадид, хуруҷи вулконҳо ва тағйирёбии бади обу ҳаво, аз меъёр зиёд ҷамъ шудани партовҳо дар замин ва атмосфераи он мебошад. Худованд аз ҳадгузарандагонро дуст намедорад, чунонкӣ фармудааст: “Парвардигори худро ба таври зорӣ ва пинҳон бипарастед. Ба дурустӣ, ӯ азҳадгузарандагонро дӯст намедорад”. (Сураи “Аъроф”, ояти 55)

       Бинобар ин, бар мо сокинони кишвар лозим аст, ки дар ҳифзи муҳити зист ва нигоҳ доштани олами наботот доимо омода бошем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта андеша намоем.   

وقت الصلاة في طاجيكستان

17.06.2026

أكثر
الفجر03:23
الظهر12:40
العصر17:55
المغرب20:01
العشاء21:31
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

أكثر