مسألة № 01598

Саҷдаи тиловатро чӣ гуна иҷро бояд кард ва дар он чӣ хонда мешавад?

مسألة:

Саҷдаи тиловатро чӣ гуна иҷро бояд кард ва дар он чӣ хонда мешавад?

Саволдиҳанда: Тоҷиддин

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, саҷдаи тиловат дар чордаҳ ояти Қуръон вуҷуд дорад, касе ки яке аз ин оятҳоро тиловат кунад ё шунавад, саҷда бар вай лозим мешавад.  Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”. Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рӯ овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар. Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор “Субҳона Раббиял-Аъло” мегӯяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир”. Тарҷума: Саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ӯ имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи Туст”.

2018-01-12
3769
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54