Вопрос № 01598
Саҷдаи тиловатро чӣ гуна иҷро бояд кард ва дар он чӣ хонда мешавад?
Вопрос:
Саҷдаи тиловатро чӣ гуна иҷро бояд кард ва дар он чӣ хонда мешавад?
Саволдиҳанда: Тоҷиддин
Ответ:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, саҷдаи тиловат дар чордаҳ ояти Қуръон вуҷуд дорад, касе ки яке аз ин оятҳоро тиловат кунад ё шунавад, саҷда бар вай лозим мешавад. Нияти саҷдаи тиловат чунин аст: “Навайту ан асҷуда саҷдатат-тиловати мутаваҷҷиҳан илал-Каъбати Аллоҳу Акбар”. Яъне ният кардам саҷдаи тиловат кунам, рӯ овардам ба қибла, Аллоҳу Акбар. Пас аз гуфтани такбир фавран як саҷда карда, дар он се ё панҷ бор “Субҳона Раббиял-Аъло” мегӯяд, сипас “Аллоҳу Акбар” гуфта, сар аз саҷда мебардорад ва ин дуъоро мехонад: “Саҷадту лир-Раҳмон, ва оманту бир-Раҳмон, фағфир лӣ зунубӣ ё Раҳмон, самиъно ва атаъно, ғуфронака Раббано ва илайкал-масир”. Тарҷума: Саҷда кардам барои Худои бахшоянда ва ба Ӯ имон овардам, эй Зоти бахшанда, гуноҳони маро биёмурз, шунидему итоат кардем, мағфирати Туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯи Туст”.