مسألة № 01890

«Агар шахси бовузў чизи нашъоваре истеъмол карда маст гардад, ба гунае, ки дар рафтораш каҷӣ ва каловише дида шавад, вузўаш мешиканад, вале агар каҷӣ ва каловише дар ў дида нашавад, вузўаш намешиканад»...

مسألة:

Ассалому алайкум. Дар саҳифаи 171-и китоби «Фиқҳи Ислом бар асоси мазҳаби ҳанафӣ» чунин навишта шудааст: «Агар шахси бовузў чизи нашъоваре истеъмол карда маст гардад, ба гунае, ки дар рафтораш каҷӣ ва каловише дида шавад, вузўаш мешиканад, вале агар каҷӣ ва каловише дар ў дида нашавад, вузўаш намешиканад». Магар дар ҳолати истемоли чизи нашъовар таҳорат намешиканад? Оё  дар мазҳаби ҳанафӣ баъд аз истемоли чизи нашъовар каҷӣ ё каловише дар ман дида нашавад, намоз хондани ман дуруст аст?

Саволдиҳанда: Илёс

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҳолати мастӣ дар сурате вузўро мешиканад, ки шахси шароб ё нашъа истеъмолкарда мувозинати худро дар ҳаракат ва рафтораш аз даст диҳад. Дар ин ҳолат вузўи ў мешиканад ва ў наметавонад, ки намоз гузорад. Агар иттифоқан шахсе шароб нўшид, вале маст нашуд, балки ҳушу ақлаш барҷост ва аз вақти намоз миқдори андаке боқӣ мондааст, дар ин ҳолат ў метавонад даҳонашро шуста, намозашро ба ҷо оварад, то ки қазо нашавад. Ин ҳукми фиқҳӣ чунин маъно надорад, ки истеъмоли шароб ё маводи нашъаовар раво бошад ва шахс гоҳу ногоҳ онро истеъмол карда дар ҳамон ҳолат намоз гузорад. 

2018-07-19
2769
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.04.2024

أكثر
الفجر03:53
الظهر12:40
العصر17:25
المغرب19:24
العشاء20:55