مسألة № 02227

Агар пешоб ба андозаи сарҳои сўзан ба либос ё бадан пош хўрад, муоф аст. Ҳамин масъаларо тавзеҳ медодед.

مسألة:

Агар пешоб ба андозаи сарҳои сўзан ба либос ё бадан пош хўрад, муоф аст. Ҳамин масъаларо тавзеҳ медодед.

Саволдиҳанда: Шоҳрух

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, пош хўрдани қатраҳои хурди пешоб ба либос ё бадан дар сурате муоф аст, ки дар умум ба андозаи паҳнои каффи даст нарасад, агар чакраҳои пошхўрда ба андозаи каффи даст расида бошад, дар ин ҳолат шустани он воҷиб мегардад. Яке аз одоби қазои ҳоҷат ин аст, ки барои қазои ҳоҷат макони нарм ва муносибе интихоб шавад, то ки зарраҳои пешоб ба бадан ё либос барнахўрад. Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: “Вақте касе аз шумо қасди пешоб намояд, барои он ҷои муносиберо ҷустуҷў ва интихоб кунад”. (Ривояти Абўдовуд)

2019-07-05
3718
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.04.2024

أكثر
الفجر03:53
الظهر12:40
العصر17:25
المغرب19:24
العشاء20:55