الصفحة الرئيسية الأخبار ПАЁМИ ТАБРИКИИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

ПАЁМИ ТАБРИКИИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

ПАЁМИ ТАБРИКИИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН
2019-08-09
572

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон!

ҳамватанони азиз! Инак, ба диёри азизи мо иди шарифи мардуми мусалмони Тоҷикистон ва ҷаҳон – иди саиди қурбон фаро расид. Аввалин коре, ки мардум дар ин рўзи муборак мекунанд, бо дуову фотиҳа арвоҳи гузаштагони худро шод кардан аст. Суннати дигари ин иди воқеан мардумӣ хайру саховат ба ниёзмандон аст. ҳар мусалмон хуб медонад, ки амалҳои хайри дар арафа ва рўзи ид анҷомдодааш, аз қабили дасти мадад дароз кардан ба ятимону эҳтиёҷмандон, аёдати беморону куҳансолон ва кумак ба оилаҳои камбизоат боиси мустаҳкам шудани меҳру муҳаббат дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа мегардад ва онҳоро ба ҳамдигар наздиктар менамояд.

Бо истифода аз ин фурсати муносибу мусоид кулли мусалмонони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо ин санаи фархундаву муборак табрику таҳният гуфта, барои онҳо тандурустиву дарозумрӣ,  хотири шоду рўзгори обод ва иқболи баланду саодатмандии комилро аз даргоҳи Худои меҳрубон ба дуо хоҳонем.  

Бояд ба ёд биёрем, ки дар сарзамини муқаддаси Маккаи мукаррама миллионҳо мусулмонон аз ҳама гўшаву канори сайёра новобаста аз ирқу нажод, ранги пўст ва забону анъана дар назди Худованд баробар барои ибодати Офаридагори хеш ҷамъ омадаанд. Ин амали эшон маънои онро дорад, ки дини мубини Ислом ҳамчун дини ҷаҳонӣ пайравонашро ба зиндагӣ дар муҳит ва фазои орому осуда, дар ҳоли ҳамбастагиву иттиҳод ташвиқу тарғиб менамояд, ҳамчунин маънои онро дорад, ки ихтилофу парокандагӣ ва зиддияту низоъ барои ин дини осмонӣ амалҳои бегонаанд. Аслан ҳикмати кулли ибодоти марбут ба исломи асил муҳаббату ҳамдилӣ ва маънавияти волои инсонист. Бинобар ин чунин хулоса бояд бардошт, ки ин ҳамоиши бузурге, ки дар наздики хонаи Худо амри воқеъ шудааст, беҳтарин дарс ва намунаи ибрат аз он аст, ки мусалмонон бояд дар фазои муҳаббату накуномӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ зиндагӣ дошта бошанд ва аз ихтилофу парокандагӣ дурӣ ҷуянд.

            Яке аз сабақҳои ибратомўзе, ки аз фаризаи ҳаҷ барои тамоми мусулмонон имрўзҳо чун нурҳои хуршеди тобон равшан аст, ин комёб шудани Халили Худо - Иброҳим алаҳиссалом аз имтиҳони Парвардигор мебошад. Чун Парвардигор раҳиму раҳмон аст ва ниёзе ба қурбонии фарзанди Одам надорад, Иброҳимро барои қурбон кардани фарзанди ҷигарбандаш имтиҳон намуд. Иброҳим алайҳимуссалом ин амри Худовандро ба дилу ҷон қабул намуда, ин амалро аз сидқ анҷом доданӣ шуд. Садоқат дар фармудаи Худо ва софии ботину покии назар ба Иброҳим имкон фароҳам овард, ки аз ин имтиҳони сангин гузарад ва ба ҳақ таъоло қаробат пайдо бикунад. Хулосаи ин сабақ ҳамин аст, ки имони қавӣ ва ихлоси матин ба Офаридгори тавонов ва ҳамчунин садоқату ростӣ ва олиҳимматӣ ҳама касро ба кўи муроду мақсадҳои наҷиб мерасонад.

            Дарвоқеъ, дини мубини Ислом барои иди қурбон фазилатҳои зиёдеро қоил аст. Агар фалсафаи шодиву нишот дар иди шарифи Рамазон ба хотири анҷоми тоату ибодат ва умеди пок шудан аз гуноҳҳо бошад, пас ҳикмати хушнудиҳо дар иди қурбон комёб шудани Иброҳим (а) аз имтиҳони Худованд ва орзуҳои неки мо дар роҳи расидан ба ризоияти Худованд дар масири ҳаёт мебошад. Албатта, ин ҳама хурсандию шодиро танҳо дар партави сулҳу субот ва амнияти башарият эҳсос кардан мумкин аст, ки тавассути сиёсати сулҳу ваҳдатофарини Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакати азизи мо амри воқеъ шудааст. Бояд дар назар дошт, ки Худованди карим  суботу оромиро яке аз беҳтарин неъматҳо дар қуръони карим ва билхоса дар сураи «қурайш» медонад: «Пасбояд ки ибодат кунанд Парвардигори ин Хонаро (Каъбаро). Он ки таъом дод ишонро аз баҳри он ки гурусна буданд. Ва амн дод онҳоро аз баҳри он ки тарсон буданд».

            Оятҳои мазкур далолат бар он мекунад, ки амну осудагӣ яке аз беҳтарин неъматҳои илоҳӣ мебошад ва мо бояд ин неъматро шукр гўему ба қадраш бирасем.

 Шукри неъмат неъматан афзун кунад,

                                   В-ар нагўӣ, аз кафат берун кунад.

Худованди меҳрубон дар қуръони карим дар ин маврид мефармояд: «Агар шукр намудед, ҳароина бароятон афзун менамоем. Ва агар носипосӣ намудед, ба дурустӣ, ки азоби Худованд сахт аст». Агар ояти мазкурро ба мизони хирад баркашем, чунин хулоса хоҳад шуд, ки Худованди меҳрубон моро ҳушдор медиҳад, ки оқибати куфрони неъмат гирифторӣ ба азобу уқубати Худованд аст.

            Яке аз сабақҳои ибратомўзе, ки мусулмонон аз иди қурбон бояд ба худ бигиранд, ин барои Ватану миллат ҷонфидову садоқатманд ва аз хиёнат ба меҳану миллат барҳазар будан аст.

Дар дини мубини Ислом суннату анъанаи кумак ба якдигар ва аёдати ҳамдигар хеле зиёд аст, аммо рўзи иди саиди қурбон барои мусалмонон аз он ҷиҳат машҳуру маъруф аст, ки тавассути анҷом додани чандин амалҳои нек ҳар мусалмон метавонад ризоияти Парвардигорашро ба даст оварад.  Аз ин ҷиҳат Паёмбари гиромии Ислом  фармудаанд: «Парвардигоратон барои шумо ду рўзеро ихтиёр кардааст, ки онҳо аз ҳама рўзҳои дигар беҳтаранд».

Дар дигар фармудаҳои Паёмбари гиромии Ислом омадааст, ки ин рўз иборат аз рўзи хурсандӣ ва дўстиву бародарӣ, бахшидани якдигару дур кардани кинаву адоват аз дилҳо, хусусан кумак кардан ба оилаҳои камбизоат, ятимон, бевазанону муҳтоҷон ва пирону маъюбон мебошад. Паёмбар (с) дар  ин маврид мефармоянд: «Беҳтарин мардумон касонеанд, ки ба мардум бештар манфиат расонанд. Бадтарини мардумон ба мардумон шарру зарар мерасонад».

Бояд шукронаи тинҷиву оромӣ амнияту ваҳдатро ба ҷо биёрем,  ҳамчунон ки дар қуръони карим омадааст: «Агар шумо шукргузор бошед, неъматҳоятонро меафзоям». (Сураи Иброҳим, ояи 7). ҳамчунин Паёмбар (с) дар мавриди таъкид ба шукронаву аҳамият додан ба амну офият чунин дуо мекард: «Бор Илоҳо! Ман аз Ту авфу офиятро дар дину дунё ва охиратам мепурсам».

            Ин дуову муноҷоти Паёмбар (с) як навъ дарси ибрат ва ташвиқу тарғиб барои уммат аст, ки ба қадри неъмати офияту оромӣ бирасанд ва шукронаи ин неъматро намоянд. Аз ин хотир, мо бояд ба қадри ин ватан ва истиқлоли он бирасем, шукронаи амну оромиро намоему аз Худованд аз оқибати ногувори нооромӣ паноҳ биҷўем. Дар дунё чунон зиндагие дошта бошем, ки ному амали  неки мову шумо барои наслҳои оянда дар саҳифаҳои таърих боқӣ монад.

Дар охир бори дигар ҳамаи Шуморо, ҳамватанони гиромӣ, ба муносибати фарорасии иди саиди қурбон муборакбод гуфта, бароятон хуштарин хушиҳои зиндагӣ ва сарбаландиро аз амалҳои нек таманно дорем.

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.09.2019

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:40
المغرب18:41
العشاء20:11
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

أكثر