الصفحة الرئيسية الأخبار ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ
2025-09-25
92

        Рўзи 25.09. 2025  дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи дин ва  танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ вобаста ба пешгирии нашъамандӣ ва татбиқи барномаи зиддимухадиротӣ баргузор гардид.

        Дар кори ин ҳамоиши илмӣ-назариявӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода –Раиси Шўрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар мавзўъи “Душмани қаттоли рўҳу ҷисму ҷон” баромад намуда, қайд намуданд, ки тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳаёт ин мубориза аст, мубориза бар зидди фисқу фуҷур, фасодкорӣ ва хоҳишоти  нафсу васвасаҳои шайтонӣ ва ғайра. Инсон дар ҳаёти хеш дар лаҳазоти гуногун бо воқеаҳо ва ҳодисаҳое рў ба рў мешавад, ки танҳо тавфиқи худовандӣ, ақли солим, дурандешӣ ва иродаи қавӣ метавонад ўро аз рафторҳои номақбул наҷот диҳад. Мутаассифона, баъзе шахсон пайи ҳавову ҳавас гашта, ба истеъмолу истифодаи маводи мухаддир машғул мешаванд, ки ҳаёти худро зери хатар мегузорад.

       Дар хотимаи сухарониашон қайд намуданд, ки шахсони нашъаҷалоб ва истеъмолкунандагони маводи мухаддир яке аз зараровартарин тоифаҳои ҷамъият буда, барои аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон, зиёни ҳамаҷониба меоваранд. Метавон гуфт, ки нашъамандону майзадагон манбаи паҳншавии ахлоқи паст, сарчашмаи пайдоиш ва рушди бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла бемориҳои даҳшатноке, мисли ВИЧ/СПИД, ки имрўз тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст, инчунин манбаи афзоиши ҷинояткорӣ дар ҷомеа мебошанд.

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.09.2025

أكثر
الفجر04:39
الظهر12:40
العصر16:16
المغرب18:19
العشاء19:49
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر