الصفحة الرئيسية الأخبار Табрикоти Раёсати Шўрои уламои Маркази исломї ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Раёсати Шўрои уламои Маркази исломї ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Раёсати Шўрои уламои Маркази исломї ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
2020-04-23
5958

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Раёсати Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрику муборакбод гуфта, барои ҳамагон тавфиқи тоату ибодат, сабру таҳаммул дар адои фаризаи рўза таманно менамояд ва аз Худованди меҳрубон масъалат дорад, ки аъмоли ҳамаи моро ба даргоҳи хеш қабул фармояд.

Худованд барои мо неъмати бузурге арзонї дошт, ки ба моҳи мубораки Рамазон расидем, моҳе, ки сабаби мағфирати гуноҳон ва василаи озод шудан аз оташи дўзахи сўзон аст. Худованди Мутаъол мефармояд:

«Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай қуръон – [ҳамчун] раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад; ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай [ба] шумори он чи фавт шуд, аз рўзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад ва (мехоҳад, ки) шуморро тамом кунед. Ва Худоро ба шукри он, ки ба шумо роҳ намудааст, ба бузургї ёд кунед; ва бошад ки шумо шокир шавед». (Сураи «Бақара», ояти 185)

Ин моҳи шариф аз раҳмату мағфирати Парвардигори олам саршор аст, зеро Худованди таъоло бо фарорасии ин моҳ дарҳои дўзахро баста, дарҳои биҳиштро мекушояд. Ин моҳи қабули дуоҳо, моҳи эҳсону саховат ва моҳи озод шудан аз оташи дўзах аст. Дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор шаб беҳтар аст ва ҳар касе онро дарёбад, хайри бисёреро ноил шудааст.

Моҳи шарифи Рамазон моҳи нузули қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи хабардор шудан аз ҳоли беморону муҳтоҷон ва дастгирии ятимону ниёзмандон аст. Бояд ҳар як мусулмон ҳурмати моҳи Рамазонро ба ҷо оварда, аз ҳама бадиҳою гуноҳҳо худдорї кунад ва дигаронро низ ба роҳи ростї ва некўкорї ҳидоят намуда, ҳар хайру некиеро, ки аз дасташ барои бандагони Худо меояд, дареғ надорад. Худованди меҳрубон дар китоби осмонии хеш мефармояд:

«…Ва эҳсон намоед, ҳамоно Худованд накўкоронро дўст медорад». (Сураи «Бақара», ояти 195).

Паёмбари Худо – ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар ҳадисе чунин таъкид менамояд: «Касе аз шумо мўъмин шумурда намешавад, то ин ки барои бародараш он чиро дўст дошта бошад, ки барои хеш дўст медорад».

Дини мубини Ислом дар ин моҳ барои афроди доро ва сарватманд садақаи фитрро воҷиб гардондааст, то ба ин восита ибодати худро аз ҳар гуна нуқсону халале ҷуброн намоянд ва қалби шикастаи мискинону бенавоёнро марҳам бахшанд.  Аз Расули Худо (с) пурсида шуд, ки кадом садақа беҳтар аст? Дар ҷавоб фармуданд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Бинобар ин, ҳар фарде, ки тавони молї дорад, бояд тибқи фармудаи Худованд ва  Расулаш амал намуда, садақаи фитрашро барои дастгирї ва кўмак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Парвардигор барои мардуми кишвар тавфиқи тоату ибодат, ҳидояти комил, амну офият ва саодати дунёву охиратро таманно дорад.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر