Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Расули акрам (с)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!
Ҳамду санои бепоён Худованди покро ва дуруду саломи фаровон бар Расули акрам Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва тамоми хонадону ёронаш бод.
Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъ-ул аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои кишвар баргузор мегардад.
Вобаста ба ин руйдоди фархунда Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 18-уми августи соли 2026 қарори дахлдор қабул намуданд.
“Имсол ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 28-уми августи соли 2026 қайд карда шавад.”
Қобили зикр аст, ки мавлуди Пайғамбар (с) яке аз руйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад.
Бо шарофати ин рйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии башарият ба вуқӯъ пайваст ва олам нури вуҷуди Ӯмунаввар гардид.
Раёсати Шӯрои уламо кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Расули Худо (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ
أخبار أخرى
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


