الصفحة الرئيسية الأخبار ЧАНД АНДЕША РОҶЕЪ БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧАНД АНДЕША РОҶЕЪ БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧАНД АНДЕША РОҶЕЪ БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2021-12-23
2202

Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.

Мо ходимони дини кишвар ҳамеша шукргузорем, ки дар ватани азизамон оромиву суббот, дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буда, дар партави дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осуда умр ба сар мебарем. Ба ин мазмун донишманди Ислом Имом Бусрӣ фармудаанд: «Ҳар вақто, ки Парвардигор барои хидмати некбахте мардеро мусаххар гардонад, пас албатта он мардум некбахтанд». Ин гуфтаҳо дар ҳаёти мардуми кишвари мо бо Пешвои миллатамон баръало эҳсос мешавад.

Мусаллам аст, ки дар аксар давлатҳои ҷомеаи ҷаҳони бахусус, мо низ аз рўи солшумории мелодӣ нақшаҳои хешро дар умури давлатдориамон татбиқ менамоем. Имсолро низ ба умеди Парвардигор метавон гуфт, ки соли пурфайзу бобарор хохад буд.

Паёми Пешвои миллат, ки рўзи 21.12.2021 қариб се соат мустақиман тариқи ҳамаи васоити ахбори умум пахш гардид, тамоми мардуми кишвар бесаброна дар интизораш буданд. Дар паёми имсола Пешвои миллат бо як дилсўзии холисона ба мардум муроҷиат намуда, ҳамаи мушкилоти ватаниро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Аз ҳозирин ва масъулини давлатӣ бо ҷиддият талаб намуданд, ки барои рушду пешрафти кишвари азизамон аз тамоми васоил ва имкониятҳои мавҷуда дар доираи салоҳияти худ истифода намоянд. Аз ҷумла, оиди тарбияти фарзандон, касбу ҳунаромўзии насли оянда ва ба онҳо омўзонидани фанҳои дақиқу муосир таъкиди хос намуданд. Инчунин барои занону модарон омода намудани шароити хуби корӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таъкид намуда, ёдовар шуданд, ки яке аз сураҳои Қуръон бо номи «Нисо» (занон) номгузорӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат дар самти боз ҳам беҳтар намудани нақши маориф дар ҷомеа тавсияҳои муҳим доданд, зеро дар шароити феълӣ танҳо кишварҳое соҳиби пешрафту тараққӣ мебошанд, ки мутахассисони лаёқадманди бо маҳорат доранд. Пешвои миллат дар ин маврид мисоле оварданд, яъне дар давраи фарогир шудани бемории Ковид-19 ҳамон кишварҳое ваксина ихтироъ карданд, ки соҳиби мутахассиосони варзида мебошанд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки Пешвои миллат дар ин Паём бо назардошти рушди босуръати минбаъдаи кишвар солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, ки аз ояндаи неки кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Хулоса метавон гуфт, ки Паёми имсола барои ҳамаи мардуми кишвар паёми умедбахшу бофайз буда, ҷиҳати боз ҳам баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққии кишвари азизамон таъсири муҳим хоҳад дошт.

Раёсати Маркази исломӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر