الصفحة الرئيسية الأخبار ҚАРОРИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР БОРАИ РЎЗИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН

ҚАРОРИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР БОРАИ РЎЗИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН

ҚАРОРИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР БОРАИ РЎЗИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН
2022-05-01
5234

          Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки рўзи 27-уми апрели соли 2022 баргузор гардид. дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди Рамазон қарор қабул кард.

          Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфтанд. Раиси Маркази исломӣ қайд карданд, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рўзи душанбе 2-юми май рост меояд.

            Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи душанбе 2-юми майи соли 2022 таҷлил карда шавад.
  2. Вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6-00 дақиқа муайян карда шавад.
  3. Имомхатибон вазифадор карда шаванд, ки барои расонидани кўмаки моддӣ ба мўҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рўзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.

 

وقت الصلاة في طاجيكستان

05.10.2022

أكثر
الفجر04:53
الظهر12:40
العصر16:18
المغرب18:18
العشاء19:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

أكثر