الصفحة الرئيسية الأخبار Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр

Паёми табрикии  Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр
2019-06-01
3020

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!

 

Ҳамдиёрони азиз!

         Иди саиди Фитр ва дар гуфтори маъмулии мардуми шарифи Тоҷикистон – иди моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон чун дар тамоми мамолики мусалмоннишини дунё бо як ҷаҳон фараҳу қаноатмандӣ ва шукри бениҳоят аз неъматҳои Илоҳӣ истиқбол мешавад.

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,

Сад шукр ки ин омаду сад ҳайф ки он рафт…

Бо фаро расидани ин ҷашни воқеан бошукўҳу ҷалоли исломӣ табъи мардуми боэътиқоду боимон хушнуд мегардад, зеро муддати як моҳи имтиҳони иродаву ҳавсала ва маҳдуд намудани хоҳишу таманиёти нафсонӣ як навъ таназзуҳи ҷисму ҷон ва рўҳи одамӣ ҳосил шуда, мардум бо умед аз ваъдаҳои худовандӣ ба фардо менигарад.

Аз ин хотир, фарорасии ин ойини бузурги исломиро барои ҳар фарди кишвари азизамон муборакбод гуфта, барояшон хушнудии худовандро аз риёзату ибодатҳои рамазонӣ, файзу баракати рўзгор ва сиҳатмандиву сарбаландиро орзу мекунем. Мутмаин ҳастем, ки ҳар нафаре, ки дар ин моҳи шариф рўҳу ҷон ва тани хешро риёзат дод ва муқаррароти исломиро дар мавриди рўзадорӣ иҷро намуд, аз эҳсону шафқат ва баракату меҳрубониҳои Худованди азимушшаън бархурдор хоҳад гашт.

Тибқи таълимоти исломӣ рўза доштан риёзати ҷону тан аст ва ба ин васила одамон ҷисму рўҳи худро аз хаёлу андешаҳои ботил ва кирдору рафтори ношоиста эмин медоранд. Ба ибораи дигар, риёзату ибодат одоби писандидаи исломӣ буда, моҳияти асосии дини мубини Ислом низ тарғиби покиву озодагӣ, парҳезкорӣ ва омўхтани илму дониш аст.

Закот дар ислом низ яке аз аркони панҷгона аст. Рўза дар поксозӣ ва парвариши бадани инсон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Паёмбари гиромӣ фармудааст: «Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рўза аст».

Бузургтарин амали савоб дастгирӣ кардани маъюбону ятимон, пиронсолону дармондагон ва оилаҳои камбизоат аст. Чунонки Худованди мутаъол дар сураи «Нисо» мефармояд: «Худоро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики ў масозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар некӣ ва ёрӣ кунед».

Аз ин рў, дар арафа ва рўзҳои ид ба муҳтоҷон ба андозаи имкон расонидани кумаки молӣ беҳтарин фазилати иди саиди Фитр мебошад.  Ҳамин ҳикмат аст, ки намози иди Фитр аксар вақт ба таъхир андохта мешавад ва уламои дин ин таъхирро ҳамчун фурсати ғанимат барои анҷом додани корҳои хайру савоб, аз қабили эҳсону накукорӣ, хайру саховат, раҳму шафқат, дасти ёрӣ дароз кардан ба эҳтиёҷмандон ва садақаи фитр тафсир кардаанд.

         Бузургтарин фазилати моҳи шарифи Рамазон дар он нозил гаштани китоби муқаддаси Қуръон ҳамчун фарқ байни ҳаққу ботил, ҳалолу ҳаром ва илму ҷаҳолат аст. Дар нахустин оятҳои ба Паёмбари Акрам (с) нозилшуда Худованд амр ба хондану навиштанро  ҳамчун василаи касби илм фармудааст. Оғоз гардидани чунин китоби бузург ва рисолати хотами пайғамбарон  ба илмомўзӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки  масъалаи мазкур дар дини мубини ислом мақому манзалати бисёр баланд дорад.

Модом ки  ҳадафи дину шариат ба саодат расонидани инсонҳо бошад, оятҳои Қуръони карим  ба мо башорат медиҳанд, ки  бо илму дониш ва огоҳиву маърифат  метавон ба он расид. Пас, биёед  дар роҳи илмомўзӣ ва азхуд кардани касбу ҳунар қадам бардорем ва аз илмҳои гуногуни замонаи худ  баҳраманд гардем.  Бузургон фармудаанд: «Маънии Қуръон адаб аст». Дар ин замина  лозим ба ёдоварист, ки  дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ масъалаи тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷавонон  аҳамияти бештар касб намудааст.

Пайғамбари Акрам (с) ҳамчунин дар як ҳадиси муборак фармудаанд: «Фарзандонатонро эҳтиром бигузоред, ононро хуб адаб омўзед ва ахлоқу рафторашонро  некў ислоҳ намоед». Тавре ҳамаи шумо медонед, аз ҷумлаи анъанаҳои неке, ки  барои истиқболи иди саиди Фитр  аз Паёмбари гиромиқадр (с) ба умматонаш мерос мондааст, дар ин рўз  манзилу маҳалли зисти худро тозаву озода кардан, либоси тозаву озодаи худро пўшида, бо шодиву нишот  ба идгоҳ рафтан ва ҳамдигарро ба оғўш гирифта табрик кардан аст. Анъана ва суннати неки дигаре, ки  дар рўзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон  хайру саховат кардан мебошад.

Дар Қуръони карим инфоқ, яъне хайру садақа кардан  дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рўз, пинҳону ошкоро  ва ҳангоми тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рў, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ бояд дар садақа кардан кўшиш ва ҷидду ҷаҳдро ба кор барад. Садақаи фитрро диҳад, хайрот кунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва накўкорӣ кўшиш намояд. Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки  ислом инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда, дар фикри  якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагиву дастгирии ҳамдигар  саодатманд хоҳад шуд.

Вобаста ба ин иди бузург хотирнишон месозем, ки роҳ додан ба исрофи беҳуда, оростани дастархон ба хотири намоишкорӣ ва дигар сарфу харҷҳои нолозим дар дини мубини Ислом сахт мазаммат карда мешаванд. Агар имкони ҳиммату харҷ даст диҳад, онро барои беҳ кардани рўзгори мардуми камбизоату бесаробон, ятимону бечорагон сарф намудан савоби бузурге дорад. Дар ҳар суҳбати Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба идҳои мусулмонӣ ба ин ҷиҳати масъала ишора мекунанд, ки ба табиат ва моҳияти арзишҳои инсонпарваронаи дини мубини ислом комилан мувофиқ мебошанд. Бояд мавқеъ ва нақши созандаи фарҳанги исломӣ барои беҳдошт ва рушди ҷомеа нигаронида шавад. Аз ин нуқтаи назар, бояд аҳли рўҳонияти кишвар ба тарғиби арзишҳои олии умумибашарӣ кўшиш карда, ба масъалаҳои тарбияи оилавии фарзандон ва ба роҳи нек ҳидоят кардани аҳли ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

         Бори дигар тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба ҳар сокини Тоҷикистон бахту иқболи нек ва рўзгори пурсаодатро орзу менамоем.

Раёсати Шўрои уламои ҶТ

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.09.2019

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:40
المغرب18:41
العشاء20:11
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

أكثر