Home Articles “Паймон”-и меросбари ҳизби наҳзат

“Паймон”-и меросбари ҳизби наҳзат

“Паймон”-и меросбари ҳизби наҳзат
2018-10-30
2290

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳизби хиёнаткори Наҳзат имрӯз ба рӯи худ хиҷобе кашида, номи худро "Паймон"мондааст ва аз таги парда садо баланд мекунад, ки ман"Паймон"ҳастам, акнун ба дунё омадаам,ҳамчун “тифли навзод”  ба гуноҳе даст назадаам.

Аммо дар асл як “кампири зол” аст, ки аз дасташ ҳазорон бегуноҳ кушта, ҳазорон тифлон ятим мондаанд, хуни бағайри ҳақ аз дасти ин “зол” рехтааст ва имрӯз боз мехохад, ки фитнаангезӣ кунад, худаш ҳеҷ асту аз номи миллат гап мезанад.

Яъне ин ҳизби харобкор ташкилоти экстремистӣ-террористӣ   Ҳизби хиёнаткори Наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ ва ду-се ҳаммаслакаш бо номи нав дар Варшаваи Лаҳистон   "Паймони миллии Тоҷикистон" мебошад, ки имрӯз худро “мусичаи бегуноҳ” ҳисобида, оид ба вазъияти Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон баёноти бе маъне медиҳад, худро ғамхори мардуми ин вилоят меҳисобад. Кабирӣ  Дар баёноташ солҳои (1992-1997) ҷанги шаҳрвандиро ёдовар мешавад,аз хунрезию  қатлу куштор,хиёнати миллату кишвар, сухан мегӯяд, беадабона мақомоти Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки ба мардумаш хидмат кунад ва илло бо ташкил кардани  тазоҳурот зидди Тоҷикистон дар Аврупо даст мезанад.
Кабирӣ  пеш аз он, ки ин баёнотро паҳн кунад,бояд фикр мекард ва суол медод, ки хунрезӣ ва қатлу кушторро кӣ кард? Ба гӯши ӯ ҷавоб меомад, ки Ҳизби Наҳзати ту  дар Душанбе гирдиҳамоиҳо ташкил кард, солҳои 1992-1997  ҷанги бародаркуширо ба миён овард,хуни мардумро рехт, дар дохилу хориҷ ба миллат хиёнат кард,ахиран ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ  шинохта шуд. Магар намедонӣ? Имрӯз номатро дигар карда аҳли Тоҷикистонро “насиҳат” макун!. Мардуми Тоҷикистон аз ту ва ҳаммаслаконат безоранд, ту дар ин номи табдилкардаи нави ташкилотат калимаҳои муқаддаси"Миллӣ" ва "Тоҷикистон"-ро суиистифода макун!, зеро ҳар ташкилоте, ки меросбари ТЭТ ҲНИ бошад, ин ташкилоти экстремистӣ -террористӣ ҳисоб мешавад. Баъд аз ин аз номи Ислом ҳам суиистифода макун,зеро Худои таъоло хиёнаткорро ҳеч вақт намебахшад.
ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Хуҷанд

Pray time in Dushanbe

26.04.2024

More
Fajr03:55
Zuhr12:40
Asr17:24
Maghrib19:23
Isha20:54
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More