“Паймон”-и меросбари ҳизби наҳзат
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳизби хиёнаткори Наҳзат имрӯз ба рӯи худ хиҷобе кашида, номи худро "Паймон"мондааст ва аз таги парда садо баланд мекунад, ки ман"Паймон"ҳастам, акнун ба дунё омадаам,ҳамчун “тифли навзод” ба гуноҳе даст назадаам.
Аммо дар асл як “кампири зол” аст, ки аз дасташ ҳазорон бегуноҳ кушта, ҳазорон тифлон ятим мондаанд, хуни бағайри ҳақ аз дасти ин “зол” рехтааст ва имрӯз боз мехохад, ки фитнаангезӣ кунад, худаш ҳеҷ асту аз номи миллат гап мезанад.
Яъне ин ҳизби харобкор ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Ҳизби хиёнаткори Наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ ва ду-се ҳаммаслакаш бо номи нав дар Варшаваи Лаҳистон "Паймони миллии Тоҷикистон" мебошад, ки имрӯз худро “мусичаи бегуноҳ” ҳисобида, оид ба вазъияти Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон баёноти бе маъне медиҳад, худро ғамхори мардуми ин вилоят меҳисобад. Кабирӣ Дар баёноташ солҳои (1992-1997) ҷанги шаҳрвандиро ёдовар мешавад,аз хунрезию қатлу куштор,хиёнати миллату кишвар, сухан мегӯяд, беадабона мақомоти Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки ба мардумаш хидмат кунад ва илло бо ташкил кардани тазоҳурот зидди Тоҷикистон дар Аврупо даст мезанад.
Кабирӣ пеш аз он, ки ин баёнотро паҳн кунад,бояд фикр мекард ва суол медод, ки хунрезӣ ва қатлу кушторро кӣ кард? Ба гӯши ӯ ҷавоб меомад, ки Ҳизби Наҳзати ту дар Душанбе гирдиҳамоиҳо ташкил кард, солҳои 1992-1997 ҷанги бародаркуширо ба миён овард,хуни мардумро рехт, дар дохилу хориҷ ба миллат хиёнат кард,ахиран ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ шинохта шуд. Магар намедонӣ? Имрӯз номатро дигар карда аҳли Тоҷикистонро “насиҳат” макун!. Мардуми Тоҷикистон аз ту ва ҳаммаслаконат безоранд, ту дар ин номи табдилкардаи нави ташкилотат калимаҳои муқаддаси"Миллӣ" ва "Тоҷикистон"-ро суиистифода макун!, зеро ҳар ташкилоте, ки меросбари ТЭТ ҲНИ бошад, ин ташкилоти экстремистӣ -террористӣ ҳисоб мешавад. Баъд аз ин аз номи Ислом ҳам суиистифода макун,зеро Худои таъоло хиёнаткорро ҳеч вақт намебахшад.
ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,
сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Хуҷанд