Раҳим Каримов

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳим Каримов

Каримов Раҳим – узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Каримов Раҳим соли 1951 дар деҳаи Гулисойи ноҳияи Совет (ҳозира ноҳияи Темурмалик) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз соли 1959 то соли 1968 дар мактаби миёна таҳсил карда, пас аз хатми он муддати чанд сол дар муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намудааст. Маълумоти ибтидоии диниро дар назди махдуми Ғозӣ аз худ карда, баъдан дар назди домулло Саидраҳмон омӯзиши улуми шаръиро идома медиҳад.

Аз соли 1990 то соли 1992 дар масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сархатиб адои вазифа мекунад. Аз соли 1992 то соли 1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун муҳоҷир зиндагӣ кардааст. Дар даврони муҳоҷираташ Донишкадаи шаръиёти Афғонистонро хатм намуда, соҳиби маълумоти олии динӣ мегардад. Пас аз бозгашт ба Ватан аз соли 1997 то соли 1998 дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ фаъолият намудааст. Муддате дар вазифаи сардори Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз соли 1999 то соли 2005 дар вазифаи муовини Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Мавсуф соли 2004 шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ба итмом мерасонад. Соли 2010 ба бахши ғоибонаи факултаи “Улуми исломӣ”-и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа дохил шуда, соли 2014 онро ба итмом мерасонад.

Аз соли 2010 то ин ҷониб ба ҳайси устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа кору фаъолият карда истодааст.

Номбурда дар конфронсҳои илмии динӣ иштирок намуда, ҳамзамон тариқи васоити ахбори омма дар мавзӯъҳои гуногуни динию сиёсӣ ва ахлоқию фарҳангӣ мусоҳибаҳои судманд анҷом медиҳад. Мақолаҳо ва мусоҳибаҳои ӯ оиди мавзӯъҳои гуногун дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасанд. Забонҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбекиро медонад. Оиладор ва соҳиби чор фарзанд аст.

Others

Саидмукаррам  Абдуқодирзода
Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳусайн Мўсозода
Ҳусайн Мўсозода

Муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулбасир Саидзода
Абдулбасир Саидзода

Муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Хомӯшов
Ҷамолиддин Хомӯшов

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More