Home Mosques Масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолуддини Румии ноҳияи Шоҳмансур

Масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолуддини Румии ноҳияи Шоҳмансур

Map to mosque

ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч 
“Бӯстон-3”.Тел:+(992) 919219176

Масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолуддини Румӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст. Масҷид дар масофаи 2 км болотар аз шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат ҷойгир шудааст. Масҷиди мазкур соли 1989 бунёд гардида, то соли 2006 фаъолият мекунад. Соли 2006 масҷид таъмиру азнавсозӣ шуда, корҳои сохтмонии он бо дастгирӣ ва саҳмгузории мардони саховатпеша, соҳибкорони ватанӣ ва мардуми маҳаллаи “Бӯстон -3”-и ноҳияи Шоҳмансур ба итмом мерасад.

Бинои масҷид дуошёна буда, дорои ду манораи бузург, таҳхона барои намозгузорӣ, ду айвон дар ошёнаи аввал ва дорои се айвон дар ошёнаи дувум мебошад.

Таҳхонаи масҷид 12 сутун дошта, 800 ҷойи намозгузорӣ дорад. Толори якум низ 12 сутун дошта, 800 нафар намозгузорро мегунҷонад. Ошёнаи дуюм низ дорои 12 сутун буда, 900 нафарро дар худ ҷой медиҳад. Дар маҷмуъ дохили толорҳо ва айвонҳои масҷид дар як ваќт 2500 намозгузорро мегунҷонад.

Деворҳо ва сутунҳои масҷид бо гач ва санги мармар оро дода шудаанд. Манораи масҷид аз хишти пухта сохта шуда, 20 м баландӣ дорад ва бо кошинҳои сафолӣ ороиш ёфтааст.

More mosques

Масҷиди ҷомеи ба номи Усмон ибни Аффон (р) ноҳияи И. Сомонӣ
Contact information

ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, маҳаллаи Нодира 52,
кӯч Хоҷамбиёи боло, тел: +992 904 56 66 67

Масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзами ноҳияи Фирдавсӣ
Contact information

Суроғаи масҷид: ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ,
кӯч Фирдавсӣ 13/10.Тел :+(992) 918704850

Масҷиди ҷомеи марказии н,Фирдавсии ш. Душанбе ба номи Мавлавӣ Муҳаммадҷон
Contact information

ш. Душанбе,н Фирдавсӣ 
кӯч.Панфилов, Тел :+(992)918629819

Масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Имоми Аъзам
Contact information

Суроға: н. Ҳисор, ҷ/д Мирзо
Ризо,деҳаи Тӯда, тел: +(992) 918 86 95 15