Home News Шӯрои уламои Маркази исломӣ рўзи Иди саиди қурбонро муайян кард

Шӯрои уламои Маркази исломӣ рўзи Иди саиди қурбонро муайян кард

Шӯрои уламои Маркази исломӣ рўзи Иди саиди қурбонро муайян кард
2019-08-03
11257

Имрӯз соати 09.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. ҷаласаро Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди қурбон табрику таҳният гуфт. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рўзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди қурбон дар кишвар ба рўзи 11-уми август рост меояд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:

  1. Иди саиди қурбон дар кишварамон рўзи 11-уми август муайян карда шавад.
  2. Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.30 баргузор карда шавад.

Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More