Home News МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА

МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА

МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
2026-08-28
41

          28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35 –  солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гуруҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.

         Дар оғози маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ – 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

          Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тадбирҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ маҳз бо саъйу талоши ватандӯстона ва заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

          Зикр карда шуд, ки мардуми бонангу номуси мо бо азму иродаи қавии худ ва заҳмати софдилона Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд, шуҳрати онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд ва бо ҳамин роҳ шоҳроҳи таърихии халқамонро, ки аз истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ оғоз гардидааст, сарбаландона идома медиҳанд.

          Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод иброз доштанд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони биҳиштосо неруи тоза мебахшад.

         Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгашта тамоми донишу таҷрибаи худро дар ҷодаи ободии кишвари азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон равона месозанд.

         Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ кардани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, кишоварзону соҳибкорон ва собиқадорони соҳаҳои мухталиф дар кишвари мо ба анъанаи неки даврони соҳибихтиёрӣ табдил ёфтааст.

Дар ин маросими пуршукуҳ  ба Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ низ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти ҷашнӣ -давлатӣ сарфароз гардонида шуд. 

Pray time in Dushanbe

29.08.2026

More
Fajr04:22
Zuhr12:40
Asr17:08
Maghrib19:08
Isha20:38
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More