ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Рӯзи 20-уми октябр Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо наваскарон ва таълимгирандагон мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни ин мулоқот, Саидмукаррам Абдуқодирзода бо суханронии пурмазмун баромад карда, аз аҳамияти ҳифзи марзу буми кишвар, эҳтироми Ватан ва масъулияти бузурги хизмат ба халқу давлат ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки амният ва оромии ҷомеа аз неъматҳои бузурги Илоҳӣ буда, ҳифзи он қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат мебошад. Ҳамчунин, ба наваскарон ва марзбонон тавсия дода шуд, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ахлоқи ҳамида, ростқавлӣ, эҳтироми якдигар, сабру таҳаммул ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ва динӣро сармашқи кори худ қарор диҳанд.
Дар охири мулоқот Раиси Шўрои уламо қайд намуданд, ки ин неъмати тинҷиву осудагие, ки дорем, бо инояти Парвардигор ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва шумо барин ҷавонмардони ҷонфидои Ватан - сарбозони бонангу номус мебошад.
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРМОНҲО ВА АРЗИШҲО ДАР ИСЛОМ»
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


