ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУЪИ
1 октябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истифодаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва самтҳои рушди ояндаи он» баргузор гардид.
Дар кори конфронси мазкур дар қатори дигар иштирокчиён, Саидмукаррам Абдуқодирзода низ иштирок ва суханронии пурмуҳтаво намуданд.
Баромадкунандагон зимни суханрониҳо худ таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои калидии пешрафти илму техника ва иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар баробари имкониятҳои васеи истифодаи технологияҳои нав, масъалаҳои рушди масъулиятнок, таъмини бехатарӣ, ҳифзи маълумот ва эътимод ба низомҳои зеҳни сунъӣ низ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунанд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конференсия оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ табодули афкор сурат гирифта, аҳаммияти баланд бардоштани сатҳи маърифати рақамӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъкид гардид.
Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, имкониятҳои истифодаи он дар соҳаҳои гуногун ва аҳаммияти татбиқи масъулиятноки технологияҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.
More news
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


