Home News ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИДЕАЛҲО ВА АРЗИШҲОИ ИСЛОМ»

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИДЕАЛҲО ВА АРЗИШҲОИ ИСЛОМ»

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИДЕАЛҲО ВА АРЗИШҲОИ ИСЛОМ»
2026-10-16
22

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИДЕАЛҲО ВА АРЗИШҲОИ ИСЛОМ»

14 октябри соли 2026 дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Конфронси XVII байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Идеалҳо ва арзишҳои Ислом» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба Соли ваҳдати халқҳои Русия бахшида шуда, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, роҳбарони ташкилотҳои динӣ ва олимони улуми исломиро аз кишварҳои гуногун ба ҳам овард.

Дар ин конфронс Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок намуда, дар ҷаласа суханронӣ карданд.

Муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода дар суханронии худ ба аҳаммияти илму маърифат, ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимии исломӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маорифи динӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Таъкид гардид, ки омӯзиши илмҳои динӣ дар ҳамбастагӣ бо донишҳои муосир, тарбияи ахлоқии ҷавонон ва таҳкими эҳтироми мутақобил миёни намояндагони миллату динҳои гуногун аз омилҳои муҳими ҳифзи сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ба шумор мераванд.

Ҳамчунин, зарурати тақвияти ҳамкориҳои муассисаҳои таълимии исломӣ, табодули таҷриба, омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат ва густариши робитаҳои илмӣ байни кишварҳо аз масъалаҳои муҳими чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҳошияи конфронс масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълими исломӣ баррасӣ гардида, як қатор санадҳои ҳамкорӣ байни ниҳодҳои динӣ ва муассисаҳои таълимии Русия ва кишварҳои хориҷӣ ба имзо расиданд.

Инчунин, дар доираи барномаи конфронс мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «Рушди таълими исломӣ дар фазои Авруосиё» баргузор шуд, ки ба таҳкими робитаҳои муассисаҳои таълимии исломӣ ва рушди маърифати динию ахлоқӣ равона гардида буд.

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои тақвияти робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва маънавӣ, табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳои созанда миёни ниҳодҳои динии кишварҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

17.10.2026

More
Fajr05:07
Zuhr12:40
Asr16:00
Maghrib17:54
Isha19:24
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More