Home News Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон
2020-03-04
9035

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамватанони азиз!

Муддати зиёда аз ду моҳ мешавад, ки ҷаҳони имрўзро зуҳури вируси Covid-19 бо номи Коронавирус ба ташвиш овардааст. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ, то 2-юми март шумораи гирифторон аз марзи 90 ҳазор нафар гузашт, ки беш аз 80 ҳазори онҳо дар Чин ҳастанд.

Тибқи гузориши манбаъҳои иттилоотии байналмилалӣ ин беморӣ ҳоло дар саросари ҷаҳон дар ҳоли паҳн шудан аст ва талафоти инсониву иқтисодӣ дар пай дорад. Рўзҳои ахир мавридҳои сироят шудан ба ин беморӣ дар бисёре аз кишварҳо ба назар расидааст.

Инсоният дар тўли таърихи зиндагӣ чунин фоҷеаҳо ва офатҳоро борҳо аз сар гузаронидааст. Шариати Ислом дар чунин ҳолатҳо ба мардум тавсияҳои мушаххас додааст. Аз Расули акрам (с) ривоят аст, ки фармуданд: “Чун шунидед, ки дар сарзамине тоун пайдо шудааст, ба он ҷо ворид нашавед ва агар ин тоун дар сарзамине зуҳур кард ва шумо дар он ҷо бошед, пас аз он ҷо хориҷ нашавед”. (Ба ривояти Бухорӣ).

ҳаёти инсон дар Ислом баҳои хеле баланд дорад: он ҳадяи Аллоҳ ба шумор меравад. Имрўзҳо яке аз назарияҳои илмӣ ин аст, ки пешгирӣ аз беморӣ беҳтар аз муолиҷаи он аст. Мувофиқи таълимоти Ислом, мусулмонон набояд фикр кунанд, ки ҳаёти онҳо дар ихтиёри худашон мебошад ва бо он ҳар чӣ хоҳанд карда метавонанд. Аллоҳ ба инсон ҳаётро бовар кардааст ва таълимоти исломӣ ҳам ин ҳақиқатро тасдиқ менамояд. Масалан, Ислом мусулмононро ба табобат намудани бемориҳои худ ташвиқу тарғиб менамояд. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «ҳар дарде давое дорад, ҳар гоҳ даво ба дард расад, бемор ба хости Худованди азза ва ҷалла беҳбудӣ меёбад» (Ба ривояти Муслим).

Раёсати Шўрои уламо ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки нисбати чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Аз ҷумла, ба масъалаи таваккул ва такя ба Парвардигор, ҳамзамон ба риояи назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хўрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дандонҳо бо мисвок ва хамираи дандоншўӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд. Ин тавсияҳо дар фармудаҳои Расули Худо (с) борҳо таъкид шудааст, чунончи дар ҳадис омадааст, ки аз суннатҳои завоид (яъне иловагӣ) “таҳорат пеш аз таом ва баъд аз таом аст”. Яъне таҳорати пеш аз таом ва баъд аз он иборат аз се бор шустани дастҳо, ғарғара кардани даҳон ва афшондани бинӣ мебошад, бо дарназардошти мавқеъ ва шароит, то ки малоли дигарон нашавад.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ муроҷиат менамояд, ки шахсоне, ки дар худ таби баландро эҳсос мекунанд, аз рўи масъулияти имондорӣ фавран ба табиб муроҷиат намуда, то шифо ёфтан аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ кунанд. Илова бар ин, барои сироят нашудани дигарон аз васоили санитарӣ истифода баранд. Шахсоне, ки ба ягон беморӣ гирифтор шуда бошанд, онро пинҳон накунанд, зеро мусулмон набояд ба худаш ва дигарон зарар расонад, агар бемориашро пўшида медорад ва ба табиб муроҷиат намекунад, пас муолиҷа карда намешавад ва ба худ зарар мерасонад ва аз сабаби он ки ин беморӣ сирояткунанда аст, пас ба дигарон зарар мерасонад.

Чунонки ҳазрати Паёмбар (с) муҳим будани саломатиро борҳо таъкид кардааст. Аз ҷумла, боре ў ба амаки худ ҳазрати Аббос (р) чунин фармуданд: «Аз Аллоҳ таъоло офиятро талаб кун» (Ривояти Тирмизӣ).

Имрӯзҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ тадбирҳои фарогир андешида шуда истодааст.

Аз ин лиҳоз, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои баёнгардида ва натиҷагирӣ аз тавсия ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони дин ва ҳайати муассисони масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳои кишвар муроҷиат менамояд:

Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани бемории дар боло зикргардида аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад.

Раёсати Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

25.04.2024

More
Fajr03:57
Zuhr12:40
Asr17:23
Maghrib19:22
Isha20:53
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More